Ризояти Тоҷикистону Австрия аз сатҳи равобити дуҷониба

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Австрия дидор кард.

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Австрия дидор кард.

Ба нақл аз Форс, дар мулоқоти Фарҳоди Салим бо Питер Лонский Тифнтол дар хусқси равобити дуҷониба ва чашмандози густариши равобит дар бахшҳои мухталиф табодули назар шуд.

Тарафҳо аз сатҳи болои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ибрози ризоят карданд.

Ҳамчунин ду тараф омодагии худро барои идомаи тамосҳову ройзаниҳои муфид дар мавриди мавзӯъоти мухталиф дар сатҳҳои дуҷонибаву минтақаӣ эълом карданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад