Барномаи Тоҷикистон барои афзоиши тавлиди нохолиси дохилӣ

Тоҷикистон қасд дорад тайи 3 соли оянда ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии худро то 132.1 миллиард сомонӣ (беш аз 10.5 миллиард доллар бо нархи расмии феълӣ) афзоиш диҳад.

Тоҷикистон қасд дорад тайи 3 соли оянда ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии худро то 132.1 миллиард сомонӣ (беш аз 10.5 миллиард доллар бо нархи расмии феълӣ) афзоиш диҳад.

Бинобар пешбинии шохисҳои аслии иқтисоди калони Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024, кишвар дар 3 соли оянда ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии худро афзоиш медиҳад.

Тибқи ин санад, барои соли ҷорӣ ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилӣ беш аз 103.9 миллиард сомонӣ, барои соли оянда беш аз 117.9 миллиард сомонӣ ва дар соли 2024 беш аз 132.1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин давра рушди тавлиди нохолиси дохилӣ аз 7.9 дарсад то 8.2 дарсад пешбинӣ шудааст.

Дар поёни соли гузашта саронаи тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон каме беш аз 10 ҳазор ва 52 сомонӣ (804 доллар) будааст.

Ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилӣ дар давраи мазкур беш аз 98.9 миллиард сомонӣ (беш аз 7.9 миллиард доллар)-ро ташкил додааст.

Шоёни зикр аст, ки ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар поёни соли 2020 мелодӣ 82 миллиарду 543 миллион сомонӣ ва саронаи тавлиди нохолис идохилӣ беш аз 8 ҳазору 740 сомонӣ эълом шуда буд.

Ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилӣ дар поёни соли 2019 мелодӣ 77.3 миллиард сомонӣ ва саронаи он 8 ҳазору 136 сомонӣ буд.

Ин шохис дар соли 2018 мелодӣ 68 миллиарду 844 сомонӣ буд ва саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ 7 ҳазору 565 сомониро ташкил медод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад