Корвони 13 километрии артиши Русия дар шарқи Украина

Шабакаи "CNN", бар асоси тасовири моҳвораӣ аз корвони 13 километрии мошинҳои зиреҳӣ ва тӯпхонаи артиши Русия ба самти шарқ ва ҷануби Украина хабар дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шабакаи “CNN”, бар асоси тасовири моҳвораӣ аз сафи  13 километрии корвони низомии артиши Русия ба самти манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Украина хабар дод.

Барасоси тасовири моҳвораӣ ширкати “Maxar”, корвони низомии Русия рӯзи як шанбе аз тариқи Шаҳри Берлок дар шарқи Харков дар наздикии марзи бо Русия дар ҳоли интиқол ба шарқ ва ҷануби ин кишвар аст.

Тибқи иттилооти дарёфтӣ, ин корвони низомӣ шомили мошинҳои зиреҳӣ, камюнҳои боркаш ва прицепхои тӯпхона ва таҷҳизоти пуштибонӣ аст.

Дар ҳамин иртибот, мақомоти Украина мегӯянд, ки набарди аслӣ акнун дар шарқи Украина дар ҷараён аст ва тӯпхонаи сангин дар сартосари минтақаи Донбасс дар ҳоли табодули оташ аст.

Раиси созмони иттилооти артиши Украина рӯзи ҷумъа ба шабакаи “CNN” гуфт, ки неруҳои русӣ дарҳоли бозсозмондаҳӣ дар саросари марз ҳастанд ва тарҳи онҳо пешравӣ ба самти Харков аст.

Мақомоти Украина бо ишора ба тағйири тамаркузи Русия бар манотиқи шарқӣ ва ҷанубӣ хостори тахлияи фаврии ғайринизомиён шудаанд.

Тайи ҳафтаҳои аввали ҷанг корвони 60 километрии артиши Русия бо анвоъи таҷҳизот аз тариқи тасовири моҳвораӣ ба самти Киев пойтахти Украина мушоҳида шуда буд. Ҳар чанд, ки бо муқовимати сахти Украиниҳо мувоҷеҳ шуд.

“Дмитрий Пкскаов” сухангӯи Кохи Кремлин ахиран бо ишора ба ин ки ҳадафи аввалияи Русия аз амалиёти низомӣ дар Украина ба даст омада аст аз тамаркузи баъдии Маскав бар шарқи Украина хабар дод. Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия гуфта аст, ки хурӯҷи неруҳои ин кишвар аз минтақаи Киев нишонаи ҳусни ният барои эҷоди шароити мусоид барои музокироти сулҳ аст.

Ёдовар мешавад, ки дар 24 феврал, Русия дар посух ба дархости кӯмак аз сӯи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск (ҷудои талабони шарқи Украина), амалиёти низомии худро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия таъкид кард, ки «ғайри низомисозӣ ва нозӣ зудоӣ» аз аҳдофи калидии ин амалиёт аст. Маскав борҳо таъкид карда, ки ҳеҷ барномае барои ишғоли Украина надорад ва таъкид мекунад, ки неруҳои мусаллаҳи Русия фақат зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш, аз ҷумла Ҷопон, бо эъмоли таҳримҳои ҷомеъ алайҳи Русия ба иқдоми Маскав вокуниш нишон доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад