Чӣ касоне аз кишвар ба Ҳаҷ рафта метавонанд?

Ҳаҷҷ имсол ба афроди то 65-сола ва комилан эмкардашуда иҷозат аст.

Ҳангоми расидан ҳоҷиён санҷиш аз COVID-19-ро бо натоиҷи манфӣ дар мӯҳлати на дертар аз 72 соат пешниҳод кунанд.

Қабл аз пандемия ҳамасола ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон барои зиёрати маконҳои муқаддас – Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.
Ёдовар мешавем, дар соли 2020, ба далели пандемия аз коронавирус, Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ барои зоирони берун аз салтанатро лағв кард ва шумораи ширкаткунандагонро то 1000 нафар маҳдуд кард.
Соли гузашта ин шумора ба 60 000 нафар расонда шуд, вале зоирин аз хориҷи кишвар дубора ба ҳаҷ мамнӯъ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад