Иҷрои 83 дарсадии нақшаи даъват ба артиш

Бар асоси гузориши Вазорати дифоъ нақшаи даъват ба артиш 83 дарсад иҷро шудааст.

Вазорати дифоъ аз 83,1 фисад иҷро шудани нақшаи даъват ба артиш ва сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар 52 рӯз хабар дод.

Тибқи иттилоъия дафтариматбуотии вазорат, ВМКБ ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро кардаанд.

Дар навоҳии тобеи марказ низ нақшаи даъват қариб пурра иҷро шуда, гутфа мешавад 96 дарсад расидааст.

Дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда 77,3% ва вилояти Хатлон 75%-ро ташкил доаанд.

Даъвати тирамоҳӣ аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома меёбад.

Имсол даъват ба артиш тибқи қонуни нав сурат мегирад ва гуфта мешуд қабули он ки ба даъватшавандагон иҷоза медиҳад бо пардохти 25 000 сомонӣ аз хизмат дар артиш озод шаванд, фасод дар Вазорати дифоъро камтар мекунад ва “облаваро аз байн мебарад.

Аммо таҷрибаи ҳамагӣ думоҳа нишон дод, ки фасод густардатар шуда, аскаррабоӣ ё “облава” ҳам ба шакли қадимӣ идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад