Иҷрои 89 дарсадии нақшаи даъвати ҳарбӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 89 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш хабар медиҳад.

Бар асоси гузориши ин ниҳод, тайи 20 рӯзи даъват дар баробари вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) нақшаи даъватро шаҳри Душанбе низ сад фисад иҷро кард.

Тибқи иттилои манбаъ, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 91%, дар Суғд 80%  ва ноавҳоии тобеи марказ 92%  иҷро шудааст.

Манбаъ мегӯяд, то ҳол ба унвонии ин вазорат ягон шикоят аз облава ворид нашудааст ва масъалаи даъвати имсола нисбати солҳои пеш дар сатҳи беҳтар ба роҳ монда шуда шумори ихтиёриён бештар шудааст

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хидмати ҳарбӣ мераванд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад