Афзоиши эъдомҳо дар Арабистон дар сояи сукути байналмилалӣ

Таи рӯзҳои ахир манобеи хабарӣ аз истимрор ва балки афзоиши судури аҳкоми эъдом дар Арабистони Саудӣ, ки дар онҳо сари муттаҳамон ба тарзи ваҳшиёна бо шамшер аз тан ҷудо мешавад, хабар медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки давлатҳои ғарбӣ ва низ созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба иллати дарёфти долларҳои нафтӣ аз Риёз, аз чунин ҷиноятҳое чашмпушӣ ва дар қолаби сиёсати дугона, интиқоди худро мутаваҷҷеҳи кишварҳои дигаре мекунанд.

Дар ин бора, вебгоҳи Саудӣ Ликс ба тозагӣ фош кард, ки аҳкоми эъдом дар Арабистони Саудӣ таи шаш моҳи нахусти 2021 дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Дар ин чорчуб, созмони аврупоӣ-саудии ҳуқуқи башар ба тозагӣ эълом кард, ки мақомоти Арабистон аз соли 2015 то апрели 2021 ҳукми эъдомро алайҳи 838 нафар иҷро кардаанд. Дар ҳамин ҳол бар асоси гузориши ҳамин созмон, арқоми сабтшуда аз ибтидои соли 2021 ин нигарониро эҷод мекунад, ки теъдоди эъдомҳои анҷомшуда то поёни соли ҷорӣ чанд баробари соли гузашта бошад.

Арабистон дар ҳоле ба судури аҳкоми эъдоми фаъолони иҷтимоӣ ва мунтақидон иқдом мекунад, ки ҷомеаи байналмилал ва кишварҳои ғарбӣ чашм ба рӯи ин иқдомоти Оли Сауд бастаанд ва рӯи интиқоди худро мутаваҷҷеҳи дигар кишварҳо мекунанд ва расонаҳои Арабистони Саудӣ низ аз бархурди бархе давлатҳо бо иғтишошгарон дар бархе кишварҳои минтақа интиқод ва дарсадади сиёҳнамоӣ алайҳи онҳо ҳастанд.

Гузоришҳое, ки ба тозагӣ дар бораи ҳукми эъдоме, ки алайҳи Фаҳд ибни Туркӣ ибни Абдулазиз, бародарзодаи подшоҳи Арабистон ва фармондеҳи кулли нерӯҳои ин кишвар дар Яман ба эъдом бо шиллики гулула ба иттиҳоми талош барои кудато бо ҳадафи азли Салмон ибни Абдулазиз ва Муҳаммади ибни Салмон мунташир шуд, гувоҳе гуё бар ин муддаост.

Дар воқеъ, валиаҳди Арабистон мунтақидони худро ба кӯчактарин гумон ва ба баҳонаҳои мухталиф ҳазфи физикӣ мекунад ва дар ин бора, гузоришҳое, ки ахиран мунташир шуд, ки дар он Муҳаммади ибни Ноев, валиаҳди пешини Арабистон низ ба шиддат шиканҷа шудааст. Ба гунае, ки бидуни кумаки дигарон тавони роҳ рафтан надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад