Муқовимат медонад, ки чигуна асирони худро аз банди саҳюнистҳо озод кунад

Раиси ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос гуфт: Ҳеч пешрафте дар парвандаи табодули асирон бо режими саҳюнистӣ ҳосил нашудааст, аммо муқовимат медонад, ки чигуна асирони худро аз банди саҳюнистҳо озод кунад.

Холид Машъал, раиси ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин афзуд: Миллати Фаластин дар тӯли муддатзамони гузашта дар маърази тавтеаҳое аз ҷумла “Муомилаи қарн” ва тавтеа алайҳи минтақаи Шайх Ҷарроҳ қарор гирифтаанд, ки шуҷоона дар баробари он истодагӣ карданд.

Холид Машъал гуфт: Ҳар кишваре, ки режими саҳюнистиро бахше аз роҳи ҳал медонад, сахт дар иштибоҳ аст, зеро ин режим хатаре барои уммати ислом ба шумор меояд.

Режими саҳюнистӣ ахиран эълом карда буд, то пеш аз поёни озодсозии асирони режими саҳюнистӣ, иҷозаи бозгушоии гузаргоҳҳо ё вуруди кумакҳои байналмилалӣ ба Ғаззаро намедиҳад ва аз бозсозии ин минтақа ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Режими саҳюнистӣ ҳамчунин хостори имтиёздиҳии Ҳамос дар парвандаи табодули асирон, аз ҷумла кам кардани теъдоди асироне, ки дархости озодии онҳоро карда ва низ костан аз дигар шартҳо шуда буд.

Ҷунбиши Ҳамос низ қотеона ба ин дархости Исроил посухи манфӣ дод ва эълом кард, режими саҳюнистӣ ба дунболи боҷхоҳӣ аз муқовимат аст, аммо наметавонад парвандаҳои мухталифро бо якдигар дарҳам омезад ва асирони саҳюнист танҳо дарбаробари озодии асирон фаластинӣ озод хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад