Ҳушдори Русия ба иқдомоти ғайридӯстонаи Амрико

Вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки Маскав посухи қотеъона ва сахте ба ҳар гуна иқдомоти ғайридӯстонаи Амрико хоҳад дод.

вазири умури хориҷаи Русия “Сергей Лавров” имрӯз ( се шанбе ) дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Ракят Мардика» зимни таъкид бар лузуми пешбурди ҳамкорӣ бар асоси эҳтироми мутақобил эълом кард: Раиси Ҷумҳурии Русия [Владимири Путин] бар ин бовар аст ки натиҷа бар асоси тавозуни манофеъи мутақобил ва асли баробарии қобили қабул аст.

Лавров ҳамчунин дар вокуниш ба лаҳни таҳдидомези мақомоти Амрико пас аз музокироти ахири Путин ва «Ҷо Байден » дар Женева, изҳор дошт: Талошҳо барои гуфтугӯ бо мо аз мавзеи қудрат ва зӯр дар ҳамон ибтидо маҳкум ба шикаст аст: Мо ба иқдомоти ғайридӯстона, посухи сахту қотеъонае хоҳем дод.

Пас аз итмоми музокирот дар Женева, мақомҳои Амрико, аз ҷумла ширкаткунандагон дар нишасти Вена, бо такрори суханҳои худ алайҳи Маскав таҳдид карданд: Агар Русия ” зарфи чанд моҳ ” ҳозир ба пазириши ” қавонини бозӣ “, ки дар Женева матраҳ шуд, нашавад, дар маърази фишорҳои ҷадид қарор хоҳад гирифт.

Путин ва Байден дар 16 июн барои аввалин бор баъд аз 10 сол, дар Женева бо якдигар дидор ва дар бораи масоили мухталифе ройзанӣ карданд.

Аз замони рӯи кор омадани Байден ба унвони раиси Ҷумҳурии Амрико, танишҳо миёни Вашингтон ва Русия дар хусуси як қатор аз мавзӯъот, аз ҷумла иттиҳомзании Вашингтон ба Маскав дар хусуси талош барои мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва ҳамчунин ҳамлаи сойберӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ва амниятии Амрико ташдид шудаас.

Ҳукумати Байден ҳамчунин таҳримҳои ҷадидиро алайҳи Маскав ба баҳонаи нақши ин кишвар дар ҳамлаи сойберӣ ба ниҳодҳо ва созмонҳои давлатӣ ва амниятии Амрико вазъ кардааст.

Вашингтон муддаӣ аст ки давлати Русия дар масмум кардани « Алексей Навалний» яке аз чеҳраҳои мухолифи «Владимир Путин » нақш доштааст.

Ин дар ҳолест, ки ин иттиҳомот борҳо аз сӯи Маскав рад шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад