Бозтоби тазриқи ваксинаи эронӣ ба Раҳбари ҶИЭ дар шабакаҳои хабарии дунё

Тазриқи ваксинаи эронӣ ба Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бозтоби густардае дар нашриёт, расонаҳо ва шабакаҳои хабарӣ дар сатҳи дунё дошт.

Шабакаҳои мухталифи хабарӣ ва пойгоҳҳои интерентии англисизабон аз ҷумлаи вебгоҳи шабакаҳои Скан нюз, Рашатудей, Блумберг, Алҷазира (англисӣ ) ва ҳамчунин хабаргузории Синхуа, рӯзномаи Дейли Майл ва бисёре аз дигари расонаҳои мактуб ва тасвирии байналмилаллии хабар ва тасвирҳои марбут ба тазриқи ваксинаи сохти дохили Эрон ба Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эронро мунташир карданд.

Инчунин, шабакаҳои телевизионии арабизабони Ал-Маёдин, Russia Today, Ал-Айём, Осиё, Ан-Наҷба, Ал-Итҷаҳ, Ал-Манор, Ал-Аҳд, Ал-Қартас ин хабарро дар соатҳои аввал пӯшиш доданд.

Сомонаҳои Ансоруллоҳ, Ал-Аҳд, Аш-Шарқ ал-Авсат, Лубнон 24, Ал-Миср ал-Явм, Ал-Явм ас-Сабиъ, Ал-Баваба, Ал-Лива, Ан-Нашра, Аш-Шоруқ, Ал- Наҳор, Ал-Аҳром, Ас-Сиёса Яман, хабаргузории Спутник, Ал-Ахбар Лубнон, Ар-Райул-Абан ва дар унвонҳои худ ба эронӣ будани ин ваксина ишора карданд.

Саид Алӣ Хоманаӣ раҳбари ҶИЭ, субҳи дирӯз дозаи аввали ваксинаи «Ков Эрон Баракат »-ро дарёфт карда ва таъкид намуданд: Бояд ин ифтихори миллии (тавлиди ваксинаи эронӣ )-ро пос бидорим.

Ширкати саноатии дорусозии «Шафофорамд» ваксинаи «Ков Эрон Баракат»-ро бар асоси вируси ғайрифаъол, сохт ва нахустин мутолиаи эминзоӣ ва асарбахшӣ дар авохири декабр анҷом шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад