Нигаронии шадиди Узбекистон аз вазъ дар марзи Афғонистон

Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон бо пахши як изҳорот аз афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон бо нашри як изҳорот аз афзоиши хушунат дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Афзоиши ташаннуҷ дар шароити мавҷи нави пандемияи корона зиндагии мардуми Афғонистонро беш аз пеш мушкилтар мекунад.

Дар ин изҳорот омадааст: “Узбакистон вазъи низомию сиёсии Афғонистон, аз ҷумла дар минтақаҳои шимолӣ ва марзиро бодиққат пайгирӣ мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дар изҳороти худ ҷонибҳоро даъват кард, ки аз истифодаи зӯр ва куштори мардуми ғайринизомӣ худдорӣ кунанд.

Рӯзи 23 июн 53 низомии марзбони Афғонистон ва афроди мусаллаҳ ба қаламрави Узбакистон дар минтақаи “Шӯртаппа” ворид шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон таъкид кард: “Ин кишвар қатъиян аз ҳама гуна вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Узбекистон пешгирӣ хоҳад кард ва нисбат ба вайронкунандагон чораҳои шадидтаринро меандешад.

Ҷониби Узбекистон бори дигар пойбандии худро барои нигоҳ доштани муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоягии нек бо Афғонистон ва бетарафӣ ва дахолат накардан ба корҳои кишвари ҳамсоя тасдиқ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар хотима гуфт: “Ҳукумати Узбекистон кумакҳои ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва нақлиёт, иртиботот оиди барқарории сулҳи пойдор дар Афғонистон идома медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад