Ногуфтаҳо аз шаҳид Сулаймонӣ дар Тоҷикистон

Агар чи нақши генерал Қосим Сулаймонӣ бештар дар Сурия ва Ироқ мавриди таъкид қарор мегирад; аммо ӯ хидматҳои зиёдеро нисбат ба дигар кишварҳои исломӣ ва ба хусус кишвари Тоҷикистон дар ҳавзаи субот ва амният ироа додааст, ки намунаҳое аз он ба шакли мухтасар баён мегардад.

  • Зиндагиномаи шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ

Шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ, фарзанди Ҳасан мутаввалиди 20 исфанди 1335 ҳ.шамсӣ (11.03.1957) баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1357 ҳ.шамсӣ ба сурати ифтихорӣ вориди Сипоҳ шуд ва дар ҳамлаи Саддом Ҳусейн, раисҷумҳури вақти Ироқ дар соли 1359 ҳ.шамсӣ ба Эрон фармондеҳии Сипоҳи Озарбоҷони Ғарбиро бар ӯҳда дошт ва дар соли 1360 ҳ. шамсӣ дар вазифаи фармондеҳии типи Сораллоҳ дар амалиёти мухталифе ширкат кард ва пирӯзиҳои зиёде касб намуд. Баъд аз шикасти Саддом Ҳусейн ва поён ёфтани ҷанги Эрон ва Ироқ дар соли 1367 ҳ.шамсӣ ба зодгоҳаш Кирмон бозгашт ва дар соли 1379 ҳ.шамсӣ ба унвони дуввумин фармондеҳи неруи Қудс интихоб шуд ва дар муддатзамони масъулияташ тавонист фаъолиятҳои меҳвари муқовиматро дар кишварҳои исломӣ тақвият ва густариш диҳад, ки намунаи боризи он ҳимояти ҳамаҷониба аз мусулмонони ҷабҳаи муқовимат дар Афғонистон, Фаластин, Лубнон, Ироқ, Сурия ва Яман ва… аст. Саранҷом пас аз умре муҷоҳидати мухлисона ва шуҷоъона ба дасти шаққитарин оҳоди башар дар бомдоди рӯзи 03-01-2020 ба ҳамроҳи шаҳид Абумаҳди Муҳандис, ноибраиси Ҳашдушшаъбӣ ва дигар ҳамроҳон дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расид.

  • Сафари шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ба Тоҷикистон

Бар асоси санадҳо ва мадракҳои мавҷуд, шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ба ҳамроҳи тими ҳайати ҳамроҳ дар соли 1998 ба даъвати расмии давлати Тоҷикистон ба онҷо сафар кардааст. Сарҳанг Ғуломризо Шакибо гуфтааст, ки ҳайати эронӣ ба раҳбарии сартип Қосим Сулаймонӣ, асри рӯзи чаҳоршанбе ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон расид, то масалаҳои дифоиро бо мақомоти аршади тоҷик аз ҷумла генерал Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳанд. Ба гуфтаи Шакибо, иҷроисозии як мувофиқатҳои дифоие, ки байни ду кишвар мавриди тавофуқ қарор гирифта ва таъсиси камиссияи муштараки дифоии Теҳрон ва Душанбе аз мавзӯоти аслии гуфтугӯ миёни мақомоти низомии ду кишвар будааст.

  • Чароии истиқболи бо шукӯҳ ва каримонаи давлати Тоҷикистон аз генерал шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ

Гузоришҳо нишонгари истиқболи бисёр гарму самимонаи аз шаҳид Қосим Сулаймонӣ дар сафари расмиаш ба Тоҷикистон аст. Сайдамир Зуҳуров, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи як маросими расмӣ бо пӯшондани ҷомаи тоҷикӣ ва бастани локӣ аз ишон пазироӣ намуд. Ин навъ такримбахшӣ ва пазироӣ баёнгари он аст, ки иртиботи байни ду кишвар фаротар аз иртиботи маъмулӣ ва оддие аст, ки дар тӯли сол байни дипламатҳои кишварҳо бо якдигар доранд. Бинобар ин метавон гуфт руйкарди давлати Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ бисёр мусбат будааст.

Саволе ки матраҳ мешавад ин аст, ки давлати Тоҷикистон чаро чунин истиқболи расмӣ ва бисёр муҳтарамона ва муҳаббатомез аз шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ намуд? Дар посух ба ин пурсиш метавон эҳтимолотеро матраҳ кард, ки муҳимтарини онҳо бармегардад ба масъалаи таҳдидҳои амниятӣ дар марзҳои Тоҷикистон, ки аз сӯи Толибон ва нуфузи густардаи онон дар Афғонистон вуҷуд дошт. Бо пешравии Толибон дар Афғонистон ва ҳузури онон дар марзҳои ҳамҷавори Тоҷикистон ба вижа марзҳои Бадахшон сабаби нигаронии шадиди давлати Эмомалӣ Раҳмон шуда буд ва шаҳид Сулаймонӣ дар ҳимоят ва пуштибонии густардае, ки аз устод Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҳимоятҳо ва ҳидоятҳое, ки дар Афғонистон ва марзҳои муштарак ба Тоҷикистон дошт, боис шуда буд, ки давлати Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз иқдомоти созандаи шаҳид Сулаймонӣ дар муқобила бо Толибон баҳраманд гардад. Дар авоили ноябри 1998 неруҳои фармондеҳи шуриши артиш, Маҳмуд Худойбердиов ба Хуҷанд ҳамла кард ва панҷ рӯз набарди шадид миёни неруҳои ӯ ва сарбозони ҳукуматӣ даргирифт. Пас аз саркубии таҳоҷум, Худойбердиов ба Узбекистон гурехт ва эҳтимоли инки шаҳид Сулаймонӣ бо давлати Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муқобила ва мубориза ва иттихози тасмимоти лозим ҷиҳати шикаст ва мудирияти буҳрон ҳамкорӣ намуда бошад, бисёр қавӣ аст, ки сабаби чунин эҳтиром ва истиқболи расмӣ аз сӯи давлати Тоҷикистон шуда бошад ва ба хотири ҳамин буд, ки оқои Сайидрасул Мусавӣ, сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро наҷот дод.

  • Нақши шаҳид Сулаймонӣ дар фурӯпошии хилофати Исломии Хуросони гуруҳи терорристии ДИИШ ва раҳовардҳои он дар субот ва амнияти Тоҷикистон

Гуруҳаки терорристии ДИИШ бо пешравиҳои густардае, ки дар Ироқ ва Сурия касб карда буд дар ҷаласаҳои хусусӣ ва умумии хеш иддаои хилофати бузурги ДИИШ фаротар аз Шомотро матраҳ ва пайгирӣ менамуд. Ҷиҳати найл ба ин ҳадаф дар шимоли Афғонистон мустақар ва масъалаи вилояти Хуросони бузургро, ки шомили Афғонистон ва Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мешуд, дунбол мекард. Лозим ба зикр аст, ки истиқрори онон дар Афғонистонро ба сурати расмӣ раисҷумҳури Эрон оқои Ҳасани Руҳонӣ ва ҳамчунин расонаҳои русӣ ва бисёри дигар аз расонаҳо тайид ва макони фаъолиятҳои онон дар ин кишвар шиносоӣ ва ба гуши ҷаҳониён расид. Аммо чаро ин гуруҳаки терорристӣ баъд аз Сурия ва Ироқ Афғонистонро пойгоҳи хеш қарор доданд? Метавон гуфт, ки ба хотири инки теъдоди қобили таваҷҷуҳи аз ҷавонони Афғонистон, Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба узвияти ин шаҷараи хабиса даромада буданд ва инҳо ба заъми ботили худашон фикр мекарданд, ки муваффақият ва пирӯзиашон дар ин макон қатъӣ ва ҳатмӣ аст; пас мушоҳида мешуд, ки ҳамарӯза машғули ёргирӣ ва харобкорӣ ва ҷиноятҳои мухталиф буданд. Ин гуруҳаки хунхору ваҳшӣ баъд аз истиқрор дар Афғонистон ва нуфузи нисбӣ дар кишвари Тоҷикистон амалиётҳои зиёдеро иҷро карданд, аз ҷумла ҳамла ба дучархасаворони ғарбӣ, қатл ва сарбуридани теъдоде аз зиндониён дар зиндони Ваҳдат ва ҳамла ба постгоҳи марзӣ ба марзи Ишқобод ва пайвастини Гулмурод Ҳалимов ба унвони як шахси низомӣ ва баландпоя дар сатҳи фармондеҳии неруи вазорати кишвар аз ҷумла иқдомоти мухарриби ин аносири палид дар кишвари Тоҷикистон буд.

Равшан аст, ки мувафақиятҳои ДИИШ дар Сурия ва Ироқ сабаби тақвият ва қудрат гирифтани бештари ин қуддаи саратонӣ дар Осиёи Марказӣ меградид ва бо иноят ба фароҳам будани бистарҳои лозим, аз қабили узвияти ҷавонони Афғонистон ва Тоҷикистон дар ДИИШ ва набуди бархурдории давлати қудратманд ва муҷаҳҳаз, бистари пирӯзиро барои ин гуруҳаки терорристии байналмиллалӣ бештар фароҳам мекард; аммо баъд аз инки миллат ва мардуми Ироқ ва Сурия бо ҳимояҳои муҷоҳидони ҷонбаркаф аз кишварҳои исломӣ мисли Ҳашдушшаъбӣ, Фотимиюн, Ҳайдариюн, Зайнабиюн, бо зиомат ва раҳбарии шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ, ки бо тафаккури роҳбурдии хеш ҳамаи ин лашкарҳоро созмондеҳӣ ва фармондеҳӣ мекард; тавонистанд ин шаҷараи хабисаро бо ҳимояти истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнисми байналмиллалӣ обёрӣ мешуд, аз байн баранд ва хатари фарогиру балогирро аз сари миллатҳои исломӣ ва ҷомеаи башарӣ дур кунанд ва ҷилави решадавондан ва нуфузи рӯзафзуни ин аносири зидди башариро бигиранд ва дар миёни ҷавонони Ислом равшангарӣ эҷод кунанд ва ононро аз хатарҳо ва паёмадҳои узвият дар ин ҷабҳаи ботил огоҳ созанд ва фурсати шаклгирии хилофати исломӣ дар Хуросони бузургро ба онон надиҳанд.

Бинобар ин раҳоварди муборизаи шабонарӯзии шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ дар канори миллат ва мамлакати Ироқу Сурия ва ҷабҳаҳои муқовимат, фақат барои Ироқу Сурия набуда, балки Афғонистону Тоҷикистон бештарин саҳм ва манфиатро аз он бурдаанд, аз ин рӯ метавон эътироф намуд, ки хидмати бузурги ишон ва ҷабҳаи муқовимат ибтидо барои башарият ва баъд кишварҳои исломӣ ва дар ниҳоят кишварҳои монанди Афғонистону Тоҷикистон ҷузъи барномаҳои ҷиддии ДИИШ таҳти “Вилояти Хуросон”-и бузург буд, бисёр арзишманд ва қобили таъзиму такрим аст.

Ёдоварӣ:

Инки гуфта шуд пуштибони ин гуруҳаки терорристии истикбори ҷаҳонӣ ва саҳюнисти байналмиллалӣ буд ба чанд далел мебошад.

Аввалан: Доналд Трамп ба сароҳат дар расонаҳои миллии кишвараш нисбат ба таъсиси ДИИШ тавассути Обама ва Келинтон эътироф кард.

Дуюм: Таҷҳизот ва имконоти лозимро аз роҳҳои мухталиф дар ихтиёри ДИИШ ҷиҳати мубориза қарор доданд.

Севвум: Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳди Муҳандис ва ҳамроҳонашонро тавассути паҳбод дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расонданд, бо вуҷуди инки онҳо дар хатти муқаддами мубориза бо ДИИШ буданд.

Аммо инки чаро истикбори ҷаҳонӣ баъд аз шикасти ДИИШ бозҳам даст аз ҳимояти онон барнадошт ва ононро аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон оавард, ба назар мерасад, ки посухи ин савол равшан аст. Зеро истикбори ҷаҳонӣ аз қудрати низомии Русия ва қудрати иқтисодии Чин ва истодагӣ ва муқовимати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шиддат меҳаросад ва маълум аст, ки фаъолиятҳои мухарриби ин аносири палид метавонад манфиатҳои Амрико дар минтақаро то ҳудуди зиёде нисбат ба дағдағаҳое, ки зикр шуд таъйин намояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад