Манъи кори муҳоҷирон дар як қатор сохторҳои Твер

Дар вилояти Твер рӯйхати касбҳое тасдиқ шуд, ки дар он мувофиқи қарори Игор Руден, губернатори вилоят кирояи муҳоҷирон манъ аст.

Муҳоҷироне, ки дар қаламрави Твер зиндагӣ мекунанд, наметавонанд дар соли 2021 дар баъзе ҷойҳои холии қаблан дастрас, кор пайдо кунанд. Рӯйхати тасдиқшуда якчанд касбро дар бар мегирад, ки барои онҳо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар асоси патент кор мекунанд, наметавонанд дар як қатор ҷойҳо кор пайдо кунанд.

Хоҷагии ҷангал ва коркарди чӯб, бо бархе истисноҳо, истеҳсоли пиво ва нӯшокиҳои спиртӣ ва спирт, сохтани иншооти гидротехникӣ, маҳсулоти резинӣ ва пластикӣ, дар рӯйхате қарор доранд, ки хориҷиён ба онҳо иҷозат дода намешавад.

Ғайр аз он, интиқоли колову мусофирон низ ба муҳоҷирон мамнӯъ шуд.

Аз соли 2021 ба муҳоҷирон дар ин минтақа савдои яклухту чакана ва савдо тавассути агентҳо манъ карда мешавад.

Фурӯши мошину мотосикл истисноанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ инчунин наметавонанд миёнарави молиявӣ бошанд ва ба ягон намуди фаъолият дар соҳаи маориф ва тандурустӣ машғул шаванд.

Қайд карда мешавад, ки ин тартибот ба шаҳрвандони Қирғизистон, Беларус ва Арманистон дахл надорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад