Сангинтар шудани қоидаҳои вуруди муҳоҷирон ба Қазоқистон

Қазоқистон қоидаҳои будубоши бидуни раводидро тағйир дод.

Қазоқистон қоидаҳои будубоши бидуни раводидро тағйир дод.

Аз нав барқарор кардани муҳлатҳо тавассути тарк кардан ва бозгашти фаврӣ, дигар кор намекунад.

Қазоқистон қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷиронро тағйир дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.

Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад:

“Шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни раводид ворид мешаванд, метавонанд 30 рӯз дар кишвари мо бимонанд. Аммо, давоми 180 рӯз, муҳлати умумии будубоши онҳо набояд аз 90 рӯз зиёд бошад. Шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО, ки ба Қазоқистон омадаанд, низ ҳамин тавр, набояд давоми 180 рӯз беш аз 90 рӯз дар кишвар бошанд”.

Маҳдудиятҳо дар бораи муҳлати 180 рӯзӣ қаблан вуҷуд надоштанд: пештар хориҷиён метавонистанд шартҳои будубошро бо роҳи тарк кардани Қазоқистон ва баргаштан “сифр” кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, чунин талабот дар таҷрибаи байналмилалӣ, масалан, барои шаҳрвандони Қазоқистон дар Русия, Гурҷистон, Белорус ва Украина муқаррар шудааст.

Маҳдудиятҳои нав ба хориҷиёне, ки бо раводид вориди кишвар шудаанд ё иҷозаи иқомати муваққатӣ додаанд, дахл надорад.

Қоидаҳои нави вуруд, аз 27 январ эътибор пайдо мекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон аз вазъи қабули муҳоҷирон давоми соли 2022 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Аслан Аталиков, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи Хадамоти муҳоҷирати Қазоқистон, дар соли ҷорӣ беш аз 5 миллион шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 330 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон вориди Қазоқистон шудаанд.

Дар ин бора пойгоҳи иттилоърасонии “Казинформ” хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, аз ҳама зиёд ба Қазоқистон шаҳрвандони Федератсияи  Русия 2 миллиону 900 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҷои дуюм — 2 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди Узбакистон вориди кишвари ҳамсояи Қазоқистон шудаанд.

Ҳамчунин 730 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, беш аз 330 ҳазор аз Тоҷикистон ва ҳудуди 90 ҳазор шаҳрванди Туркия дар соли 2022 вориди Қазоқистон шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ҳамчунин шарҳ додааст, ки 650 000 хориҷӣ муваққатан дар Қазоқистон ба сар мебаранд. Қариб 6 миллион нафар хориҷӣ ин кишварро тарк кардаанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад