Гуфтаниҳо аз амалиёти “Ваъдаи содиқ” алайҳи режими саҳюнистӣ

Як манбаи огоҳ ба телевизиони Ал-Олам, аз ҳимояти таслиҳотӣ, иттилоотӣ ва майдонии бархе кишварҳо аз режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ҳамлаи густурдаи мушакӣ ва паҳподии Эрон ба саҳюнистон бо номи “Ваъдаи содиқ” хабар дод ва таъкид кард ин амалиёт, талафоти инсонӣ ва хисоратҳое ба таҷҳизоти низомии душман таҳмил кард.

 Ал-Олам – Эрон

Як манбаи огоҳ ба шабакаи хабарии Ал-Олам гуфт: бо иҷрои амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ” алайҳи пойгоҳҳои низомии душмани саҳюнистӣ, бовар ба адами посухи Эрон ба иқдомоти ин режим муталошӣ шуд; чароки режими саҳюнистӣ борҳо иқдомоте анҷом медод ва посухи муносибе ҳам аз корҳояш намегирифт. Пас, душман гумон намекард, ки посухе дарёфт кунад. Вале ин амалиёт, тамоми муҳосибот ва боварҳои душманро барҳам зад.

Миёнҷигарии Миср дар рӯзи амалиёти “Ваъдаи содиқ”

Бинобар ин гузориш, ба думболи эълони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси қатъӣ будани посухи танбеҳӣ ба ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ, талошҳо барои мунсариф кардани Теҳрон барои адами посух ё басанда кардан ба посухи ҳаддиақалӣ ба режими саҳюнистӣ дар ҷараён буд.

Аз сӯи дигар, талош мешуд бо бархе имтиёздеҳӣ ба Эрон, ин кишварро ба кӯтоҳ омадан аз посухи интиқомӣ мутақоид кард ба тавре, ки чанд соат пеш аз анҷоми амалиёти “Ваъдаи содиқ”, аз тариқи Миср пешниҳоде матраҳ шуд ва посухи Эрон ин буд, ки тасмим ба анҷоми амалиёт гирифта шудааст.

Посух сирфан танбеҳӣ буд

Бинобар эълони ин манбаи огоҳ, сақфи амалиёти маҳдуд буд, чун сирфан барои танбеҳ дар назар гирифта шуда буд. Пас, маҳдудият дар мизон ва интихоби ҳадаф вуҷуд дошт ба ҳамин далел намешуд ҳар ҳадафе интихоб шавад ва сирфан аҳдофе интихоб шуд, ки дар ҳамла ба консулгарӣ нақш ва таъсир доштанд.

Тамаркузи ин амалиёт, муқобила бо душман бо ҳамлаҳо нуқтае буд ва ин масъала яъне тақобул бо неруи ҳавоӣ ва падофандии душман. Ба рағми ин иҷбор ва маҳдудияти маъмуриятӣ, амалиёт бо ҳамон сақфи мавриди назар интихоб шуд.

Ба гуфтаи ин манбаи огоҳ, кишварҳои гуногуне дар ин амалиёт аз режими саҳюнистӣ ҳимояти таслиҳотӣ, иттилоотӣ ва майдонӣ карданд. Ба рағми ин масъала, теъдоди зиёде аз ҷангандаҳои душман соатҳо барои муқобила бо ҳамлаҳои Эрон дар ҳоли анҷоми маъмурият буданд. Бахше аз таслиҳоти истифодашуда дар ин амалиёт, барои машғул кардан ва сардаргум кардани ҳавопаймоҳо ва падофанди душман буд, то монеъ аз он шаванд, ки мушакҳои таъйиншуда ба аҳдофи аз пеш таъиншуда исобат кунанд.

Монандии амалиёти “Ваъдаи содиқ” ва “Туфони Ақсо”

Аз онҷое, ки муҳимтарин вижагии амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ”, ҳамла ба мавозеи роҳбурдӣ ва стратегии душмани саҳюнистӣ буд, пас, ин пирӯзиро метавон як пирӯзии роҳбурдӣ ва стратегӣ донист, ҳамонанди амалиёти муқовимати исломии Фаластин дар ҳафтум октябр (Тӯфони Ақсо), ки пирӯзии роҳбурдии муқовимат алайҳи душманро сабт кард ва зарбае ғайри қобили ҷуброн бар он таҳмил кард.

Ин манбаи огоҳ дар идома афзуд, дар ин амалиёт танҳо пойгоҳҳои бархе аз устонҳо аз ҷумла устонҳои ғарбии кишвар фаъол шуд. Дар ҳоле, ки ин имкон вуҷуд дошт аз ҳамаи пойгоҳҳои кишвар истифода шавад. Аммо сирфан аз устонҳои Форс, Хузистон, Исфаҳон, Марказӣ, Занҷон, Кирмоншоҳ ва Озарбойҷони шарқӣ иқдом шуд, зеро таъкид бар ин буд, ки мушорикат дар ин амалиёт, ба шакли намодин бошад.

Талафоти инсонӣ ва хисоратҳои таҷҳизотии душман

Бинобар иттилои манобеи муътабар, душман дар ин амалиёт илова бар таҳаммули талафоти инсонӣ, теъдоде аз ҳавопаймоҳои низомии худро ҳам аз даст дод. Душман дар талош барои сензура кардани ҳаҷми талафоташ, интернетро қатъ кард ва аз ҳузури хабарнигорон дар маҳалҳои ҳадаф қарор додашуда бо мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ ҷилавгирӣ кард ва рӯзҳо пас аз амалиёт, таҷҳизоти осебдидаро ҷо ба ҷо кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни амалиёти танбеҳии “Ваъдаи содиқ”, ба “пойгоҳи Навотим”, ки бузургтарин пойгоҳи ҳавоии душман ва муҷаҳҳаз ба қавитарин сомонаҳои дифоии зидди ҳавоӣ ва мушакӣ аст, зарба зад.

Эрон дар ин амалиёти таркибӣ, паҳподҳо, мушакҳои куруз ва баллистикро ба хидмат гирифт, ки маъмурияти ин паҳподҳо сирфан сардаргум ва машғул кардани душман буд.

Ин манбаи огоҳ бо баёни ин, ки тавони ҳамла ба Эронро дар душман намебинем, дар айни ҳол таъкид кард, ки дар ҳар ҳол омодаем, ки дар сурати иқдоми душман посухи кӯбандатар аз қабл бидиҳем.

Девори дифоии душман бисёр шикананда аст

Бинобар изҳороти ин манбаъ, дар амалиёти “Ваъдаи содиқ” ба далели маҳдудияте, ки дар интихоби ҳадаф ва посух вуҷуд дошт, танҳо бахше аз тавони онии неруҳо ба кор гирифта шуд, вале агар лозим бошад метавон беш аз 5 баробар бештар аз таҷҳизот ва силоҳҳо дар ин амалиётро мавриди истифода қарор дод.

Ӯ дар идома тасреҳ кард, ки девори дифоии зидди ҳавоӣ ва мушакии душман, ҳатто бо камтар аз мизони таслиҳотии истифодашуда дар амалиёти “Ваъдаи содиқ” фурӯ мерезад, ва агар ин амалиёт идома меёфт мушакҳои баъдӣ бидуни бархурд бо монеъ, ба ҳадаф бархурд мекарданд.

Ин манбаи огоҳ ҳамчунин гуфт, ки бархе кишварҳои арабӣ бештарин кумакро ба душмани саҳюнистӣ ироа доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад