Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ва Ватикан

Имрӯз (22 апрел) Президенти Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан сафар намуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз манобеи хабарӣ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад