Донистаниҳое аз шаҳри Душанбе

Дар ин навишта дар бораи шаҳри Душанбе ҳарф мезанем ва донистаниҳои ҷолиб аз пойтахт баён хоҳад шуд.

Ҳар шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад. Имсол 100-солагии шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Шаҳрҳо дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши калидиро мебозанд. Махсусан, пойтахти рушдкардаву дорои шароити муосир ва осуда барои кору таҳсил ва зиндагӣ заминаи пешрафти кишвар аст.

Дюшамбе-Сталинобод-Душанбе

Шаҳри калони кадима, ки ба давраи Кушониён тааллук дорад, дар соҳили дарё, ки ҳоло онро дарёи Душанбе меноманд, ҳанӯз дар асрҳои III ё IV пеш аз милод пайдо шудааст.

Бозёфтҳои сафолҳои қадима шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар дохили деворҳои шаҳр шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишин вуҷуд доштанд.

Дар бозёфтҳои хаттӣ аз деҳаи Душанбе бори нахуст дар охири соли 1676 ёдоварӣ шудааст. Деҳаи Душанбе дар чорроҳа қарор дошт ва рӯзҳои душанбе дар ин чо бозори калон ташкил мешуд, ки номи деҳа низ аз он ҷост.

Дар деҳа зиёда аз 500 хонавода мавҷуд буд ва тақрибан 8000 нафар зиндагӣ мекарданд. Соли 1826 пойтахти кунунии Тоҷикистон Душанбе-Қӯрғон ном дошт.

Аввалин харитае, ки дар он шаҳри Душанбе ишора шудааст, соли 1875 тартиб дода шуда буд. Он вақт шаҳр аз як қалъаи баланде иборат буд, ки дар соҳили ҷойгир буд ва 10 ҳазор аҳолӣ дошт.

Маҳаллаҳои шаҳр аз рӯи мансубияти касбӣ ва ҳам аз рӯи ҷамъиятҳои миллӣ тақсим карда мешуданд.

Дар шаҳр корвонсаройҳо, ду мадраса ва дар 14 масҷидҳои маҳаллаҳо мактабҳо мавҷуд буданд.

Солхои 1924-1929 шаҳр расман ба забони русӣ Дюшамбе ном дошт. 16 октябри соли 1929 ба шарафи Сталин ба шаҳр номи Сталинобод дода шуд. Соли 1961 номи таърихии Душанбе ба шаҳр баргардонида шуд.

Рӯзи пойтахт дар кишвар ҳар шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад ва соли оянда, яъне 2024 Душанбе садсола мешавад.

Нишони Душанбе

Нишони феълии Душанбе соли 1997 тасдиқ шудааст. Муаллифони он рассоми тоҷик Суҳроб Қурбонов ва Анатолий Нарсиссович Заневский мебошанд. Зимнан, меъмор, дизайнер, профессор Анатолий Заневский муаллифи парчами Тоҷикистон низ буд.

Нишони Душанбе
Нишони Душанбе

Тасвири нишони Душанбе аз аркҳо асос ёфтааст, ки рамзи дарвозаҳои шаҳр ва кишварро ифода мекунад. Дар маркази аркҳо кӯҳҳо ва тоҷ бо нимдоира аз 7 ситора дар шуоъҳои офтоби тулӯъкунанда ҷойгиранд. Ин унсурҳои нишон ва Парчами давлатӣ мебошанд, ки шаҳрро ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд.

Аркҳо аз тарафи рост ва чап бо болҳои рамзӣ иҳота шуда, қисми поён бо унсурҳои ороиши қадимаи тоҷикӣ оро дода шудаанд. Дар қисми болоии нишон дар болои арк навиштаҷоти “Душанбе” мавҷуд аст.

Дар қисмати пеши нишон калиди рамзии шаҳр, дар пасманзари китоби кушода рамзи хирад, илму маориф тасвир ёфтааст.

Тамоми тасвири рамзӣ дар чоркунҷа бо канори поёнии кунҷдор дар заминаи се ранг – сурх, сафед ва сабз – тасвири рамзии Парчами давлатии Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Ягона шаҳри тақсимшаванда ба ноҳияҳо

Душанбе ба чор ноҳия тақсим шудааст, ки ҳар яки онҳо маъмурияти худро (ҳукумати ноҳия) доранд.

Шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон ягона шаҳрест, ки ба ноҳияҳо тақсим шудааст. Аз ин рў, Маҷлиси вакилони халқии он ва Ҳукумати иҷроия мақоми вилоятӣ доранд.

Ҳокимияти иҷроияро дар ноҳияҳои пойтахт раисони ноҳияҳо намояндагӣ мекунанд.

Бародаршаҳрҳои Душанбе

Душанбе 18 бародаршаҳр дорад. Чортои онҳо дар Чин – Урумчӣ, Сямэн, музофоти Ҳайнон, Синдао, дуто дар Эрон – Теҳрон ва Шероз мебошанд.

Бародаршаҳрҳои дигар – Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Ройтлинген  (Олмон), Санкт-Петербург (Федератсияи Русия), Минск, (Белоруссия), Мазори Шариф (Афғонистон), Лоҳур (Покистон), Санъо (Яман), Монастир (Тунис), Лусака (Замбия), Анқара (Туркия), Ашқобод (Туркманистон) мебошанд.

Театрҳо дар сатҳи шаҳр

Дар Душанбе ҳамагӣ панҷ театр мавҷуд аст. Ҳамаи театрҳои Душанбе ҳамагӣ 1715 касро қабул карда метавонанд.

Театри ба номи А.Лоҳутӣ дар Душанбе
Театри ба номи А.Лоҳутӣ
  • Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ 500 ҷойи нишаст дорад;
  • Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ – 502 ҷойи нишаст;
  • Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов – 223 ҷойи нишаст;
  • Театри давлатии лӯхтак – 280 ҷойи нишаст;
  • Театри тачрибавии тамошобинони чавон ба номи М.Қосимов — 210 ҷойи нишаст;

Вуҷуди осорхонаҳои гуногун

Дар Душанбе нисбати театрҳо осорхонаҳо каме бештаранд. Дар умум даҳ сосорхона мавҷуд аст, чортояш хона–музей мебошад:

  • Осорхонаи таърихии Душанбе, соли 2022 таъсис ёфтааст;
  • Осорхонаи миллии Тоҷикистон, соли 2009 таъсис ёфтааст;
  • Осорхонаи бостоншиносӣ, соли 1996 таъсис ёфтааст;
  • Осорхонаи этнографӣ, соли 1954 таъсис ёфтааст;
  • Осорхонаи иттиҳодияи ёдгориҳо ва адабиёт, соли 1981 таъсис ёфтааст;
  • Хона-музейи А.Лоҳутӣ, соли 1987 таъсис ёфтааст;
  • Хона-музейи М.Раҳимӣ, соли 1968 таъсис ёфтааст;
  • Хона-музейи М.Турсунзода, соли 1981 таъсис ёфтааст;
  • Хона-музейи С.Айнӣ, соли 1978 таъсис ёфтааст;
  • Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ, ки соли 1991 таъсис ёфтааст.
Осорхонаи таърихии Душанбе, намуд аз дохил
Осорхонаи таърихии Душанбе

Боғҳои фаровон

Дар Душанбе 16 боғ ва аз ин ҳам зиёдтар майдонҳои гуногун мавҷуданд. Бузургтарин боғ, ки онро “Боғи Истиқлолият” мегӯянд, дар атрофи маҷмааи “Истиқлол” ҷойгир аст. Он соли 2022 дар ҷашни 31-солагии истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Аз берун атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд. Ҳудуди умумии майдон ва маҷмаа тақрибан 30 гектарро ташкил медиҳад.

Маҷмааи Истиқлол, намуд аз боло
Маҷмааи “Истиқлол”

Теъдоди зиёди боғу хиёбонҳои сабзу хуррам, мутаассифона, ҳавои Душанберо тозатар намекунад. Пойтахти Тоҷикистон дар охири соли 2022 ба даҳгонаи ифлостарин шаҳри ҷаҳон шомил шуд. Вале имрӯз дар ин бора ҳарф намезанем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад