Ҳамос: Исроил аз Амрико мехоҳад дар ҷанг алайҳи Эрон ширкат кунад

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос мегӯяд, нахуствазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу хоҳони идомаи ҷанг дар Ғазза мебошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар мусоҳибае гуфт, ки Исроил аз Амрико мехоҳад, ки дар ҷанг алайҳи Эрон ширкат кунад ё ба як “шохаи низом” табдил шавад.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил намехоҳад ҷанг дар Ғазза поён ёбад, балки мехоҳад доманаи онро густариш диҳад то ҷанг минтақавӣ шавад. Ба ҳамин тартиб, ӯ аз амрикоиҳо мехоҳад, ки ба ҳар шакли мумкин дар ҷанг ширкат кунанд.

Ҳания афзуд: “Ба вижа алайҳи Эрон ё ин ки як шохаи низомӣ дар хизмати Исроил бошад.”

Пештар, тавре ки расонаҳои амрикоӣ эълом карданд Исроил бомдоди рӯзи 19 апрел (ҷумъа) як ҳамлаи талофиҷӯёна бо резпарандаҳо ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар вилояти Исфаҳон анҷом дод, ки номуваффақ буд.

Расонаҳои Эрон гузориш доданд дар теъдоде аз вилоятҳои ин кишвар сомонаҳои падофанди ҳавоӣ ба наздик шудани паҳподҳо посух доданд. Хабаргузории Тасним навишт таъсисоти ҳастаии вилояти Исфаҳон комилан  дар амон аст. Дар ҳамон замон, се мақоми эронӣ дар гуфтугӯ бо расонаҳо таъид карданд, ки ҳадафи ин ҳамалот як пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии Исфаҳон будааст. Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, гуфт, паҳподҳои сарнагун шуда бар фарози Исфаҳон ҳеҷ хисорате надошта ва расонаҳои “тарафдори Исроил”-ро ба талош барои иғроқ дар таъсири ин ҳамла муттаҳам кард. Ин ҳамла тақрибан як ҳафта пас аз ҳамлаи мушакии густардаи Эрон ба Исроил анҷом шуд.

Қобили зикр аст, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон 13 апрел (якшанбе шаб) эълом кард, ки дар посух ба инҳидоми консулгарии Эрон дар Сурия тавассути ҳавопаймоҳои исроилӣ назик ба як моҳ қабл ба хоки Исроил ҳамла мекунад. Ба гуфта манобеи мухталиф, ин ҳамла аз садҳо мушак ва ҳавопаймоҳои бедуни сарнишин, аз ҷумла паҳподҳои “Шоҳид” ташкил шудааст.

Неруҳои дифои Исроил эълом карданд, ки неруҳои мусаллаҳи ин режим дар омода боши комил ҳастанд. Пентогун гуфт, ки аз Исроил ҳимоят хоҳад кард ва намояндагии Эрон дар Созмони Милал ончиро ки дар ҳоли рух додан аст муноқиша байни Теҳрон ва Тел-Авив хонду аз Вашингтон хост, ки аз ин амр “дур бимонад”.

Неруи ҳавоии Исроил рӯзи аввали апрел ба сохтимони сарконсулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурия ҳамла кард. Бино бар эъломи Сипоҳи Эрон, ҳафт афсари ин кишвар аз ҷумла ду машваратчии олирутба ба номҳои Муҳаммадризо Зоҳидӣ, фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳ дар Сурия ва Лубнон ва ҷонишини вай, генерал Муҳаммадҳодии Ҳоҷираҳимӣ ба шаҳодат расиданд. Теҳрон гуфт, ки ҳаққи посухгуиро барои худ маҳфӯз медорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад