Бо вуҷуди режими саҳюнистӣ минтақа рӯи оромишро нахоҳад дид

Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле вориди саду наваду ҳафтумин рӯз шуд, ки расонаҳои ироқӣ аз инфиҷор дар қароргоҳи Ҳашадушшаъбӣ дар устони Бобили Ироқ хабар доданд, ки дар пайи он як нафар шаҳид ва беш аз 10 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, 197 рӯз аз ҷанг дар Ғазза мегузарад, ҷанге, ки ба тадриҷ вориди ҳафтумин ҳафтаи худ мешавад ва режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ҳамчунон аз дастёбӣ ба аҳдофи аслии худ оҷиз мондааст ва ҳамчунон ба бомбаборони манотиқи маскунӣ ва мардуми бегуноҳи Ғазза идома медиҳад.

Тибқи охирин омори вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза, теъдоди шуҳадо аз марзи 34 ҳазор нафар фаротар рафт, вазорати беҳдошт ва  тандурустии Ғазза асри дирӯз эълом кард, ки теъдоди шуҳадои Ғазза аз ҳафтуми октябри гузашта токунун ба 34 ҳазор ва 012 нафар ва теъдоди маҷрӯҳон ҳам ба 76 ҳазор ва 833 нафар расидааст.

Ин вазоратхона эълом кард, ки режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ тайи 24 соати гузашта, 4 маврид куштор дар Навори Ғазза муртакиб шуд, ки дар натиҷаи он 42 нафар шаҳид ва 63 нафар дигар ҳам маҷрӯҳ шуданд.

Муқовимати исломии Ироқ низ бо таъкид бар ҳимоят аз мардум ва муқовимати Фаластин дар баробари ҷиноятҳои режими хуношоми саҳюнистӣ, эълом кард, ки як ҳадафи ҳаётӣ ва муҳиммро дар бандари Илоти ишғолӣ бо паҳпод ҳадаф қарор додааст.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) таҷовузи ваҳшёнаи бомдоди имрӯз алайҳи неруҳои Ҳашадушшаъбӣ дар пойгоҳи низомии Калсо дар устони Бобилро, ки мунҷар ба хисороти модӣ ва захмӣ шудани теъдоде аз неруҳои Ҳашадушшаъбӣ шуд, ба шиддат маҳкум кард.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос ин таҷовузро нақзи ҳокимият ва амнияти Ироқ ва намоёнгари таваҳҳуши саҳюнистҳо эълом кард, ки доиман таҷовузоти худро дар минтақа густариш медиҳанд.

Муқовамати исломии Фаластин таъкид кард, ки минтақаи рӯи сабот ва оромишро нахоҳад дид магар инки ишғолгарии саҳюнистҳо дар Фаластин ва арозии ишғолии арабӣ поён ёбад.

Ҳамос афзуд: Мо давлати Байден, раисҷумҳури амрикоро масъули ташдиди танишҳо дар минтақа ба хотири пуштибонӣ ва ҳимоят аз ҷанги наслкушии нозиҳо алайҳи миллати Фаластин дар Навори Ғазза медонем.

Расонаҳои ироқӣ бомдоди имрӯз аз инфиҷор дар пойгоҳи Калсои Ҳашадушшаъбӣ дар устони Бобили Ироқ хабар доданд, ки дар пайи он як нафар шаҳид ва беш аз 14 нафар захмӣ шуданд.

Муқовимати исломии Ироқи режими исроилро омили ин ҳамла дониста ва дар вокуниш ба он, дар камтар аз соате, бандари Илот дар ҷануби Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор дод.

Дарҳоле, ки дар сояи коршиканиҳои мудовими режими саҳюнистӣ ва фиребкориҳои тарафи амрикоӣ, ки истилоҳан худро миёнҷӣ муаррифӣ карда, музокироти Қоҳира барои оташбас дар Ғазза ва табодули усаро ба ҳеҷ натиҷае нарсида, Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дирӯз баъд аз нишасти гурӯҳи ҳафт дар Италия иддао кард: Ҳамос танҳо тарафе аст, ки монеъи оташбас мешавад. Ҳамос хостори нобудии Исроил аст ва мо мехоҳем адами такрори амалиёти ҳафти октябрро тазмин кунем.

Дар вокуниш ба ин иддаоҳои вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос Фаластин бо судури баёнияе изҳороти Энтони Блинкенро ба шиддат маҳкум ва эълом кард, ки ин иддаоҳо тайиде бар таассуби ошкори давлати Амрико нисбат ба фошисми саҳюнистӣ ва ҷаъли воқеият аст.

Ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос, дар идома таъкид кард: воқеият ин аст, ки Бенёмин Нетанёҳу, нахуствазири террористи режими ишғолгар тарафе аст, ки ба хотири муҳосиботи сиёсии шахсии худ, дар музокирот коршиканӣ мекунад.

Ин ҷунбиши фаластинӣ тасреҳ кард, ки дар рафторҳои худ дар ҳар музокирае, манофеъи миллати Фаластинро дар назар мегирад ва аввалавияти он таваққуфи таҷовузоти ваҳшёнаи душман алайҳи мардуми Фаластин, хурӯҷи комили неруҳои ишғолгар аз Ғазза, бозгашти оворагон ба манотиқи худ дар Ғазза ва поёни ранҷҳои инсоне, ки тавассути мошини куштори Исроил ва бо будҷаи Амрико дар Ғазза ба роҳ афтодааст, мебошад.

Дар идомаи баёнияи Ҳамос таъкид шудааст, ки агар давлати Амрико воқеан мехоҳад ҷилави ин фоҷиаро дар Ғазза бигирад бояд нахуствазири ҷинояткори режими ишғолгарро таҳти фишор қарор дода ва ҳимояти сиёсӣ ва низомӣ аз ҷиноёти наслкушӣ ва гуруснагӣ додан ба ғайринизомиён дар Навори Ғазза, ки тавассути ишғолгарони нозӣ анҷом мешавадро мутаваққиф кунад.

Иддаоҳои амрикоиҳо ва саҳюнистҳо дар бораи монеътарошии Ҳамос дар музокирот дар ҳоле аст, ки ҷунбиши Ҳамос Фаластин ахиран эълом кард мо посухи худро ба пешниҳоде, ки миёнҷиҳо ду ҳафта қабл дар музокироти Қоҳира матраҳ карда буданд ироа додем ва бар пойбандии худ ба шурути аслӣ яъне оташбаси доимӣ, хурӯҷи комили неруҳои ишғолгар аз Навори Ғазза, бозгашти оворагон ба манотиқи худ, вуруди мустамари кумакҳо ба Ғазза ва бозсозии ин минтақа таъкид кардем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад