Коҳиши якбораи нарх рубл дар Тоҷикистон

Коҳиши якбораи рубл дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон хушоянд нест, чун наздиконашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бо ин асъор музд мегиранд.

Коҳиши якбораи рубл дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон хушоянд нест, чун наздиконашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бо ин асъор музд мегиранд.

Ба гузориши манюаъ:

Ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон қариби як сомонӣ арзон шуда, феълан бо нархи 115,9 сомонӣ муомилот мешавад. Рӯзе қабл ин нишондод 116,8 сомониро ташкил дода буд.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки нархи доллари амрикоӣ каме боло рафта, ба 10,924 сомонӣ баробар шудаст.

Арзиши пули аврупоии евро низ майл ба коҳиш дошта, феълан муодили 11,6242 сомонӣ мебошад.

Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон омадааст, ки доллари ИМА аз 10.9240то 10.9400 сомонӣ, евро аз 11.6242 то 11.6400 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 115,9 то 117,5 сомонӣ нарх дорад.

Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.

Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад