Режими саҳюнистӣ қудрати худро дар минтақа аз даст дод

Ҳамлаи паҳподии шаби гузаштаи Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи пойгоҳҳои режими ишғолгари Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ ошкор кард, ки ин режим қудрати худро дар минтақа аз даст дод.

Агар чи режими саҳюнистӣ аз замони таъсиси ин режими ғосиб токунун борҳо дар хусуси системи боздорандагии худ раҷазхонӣ карда, аммо ҳаводиси ахир дар борика Ғазза қотеона гувоҳи он аст, ки хонаи онҳо пӯшолӣ ва сохтагӣ аст ва имрӯз системи боздорандагиаш аз ҳам фурӯ пошидааст.

Баъд аз ҳамлаи паҳподии шаби гузаштаи Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи пойгоҳҳои режими ишғолгари Исроил ваҳшати ин режими ишғолгарро шоҳид ҳастем ва ин амр барои касоне, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ишғолгарро думбол мекунанд пурвозеҳ аст. Ин ки мигӯянд “осмон мо пур аз мушак шуда аст” худ гувоҳ бар ин аст, ки режими саҳюнистӣ қудрати худро дар минтақа аз даст дода ва дар муқобила ва боздорандагӣ низ нотавон аст.

Он чи, ки дар борикаи Ғазза то ба имрӯз шоҳиди он ҳастем ва низ ҳамлаи имрӯзи Ҷумҳурии Исломии Эрон далели равшан ва қотеъи бар хорӣ ва бемиқдории мавҷудияти ғосиби саҳюнистӣ аст ва нотавоноиаш дар муқовимат барои муддати тӯлонӣ бар ҳамагон ошкор аст.

Ишғолгарони ҷинояткор ва кӯдаккуш дар давраҳои гузашта бо абзорҳои мухталиф саъй карданд Амрико, Англис ва Аврупоро дар майдони муқобила бо ин мусибате, ки акнун гиребонгирашон шуда ворид кунанд, бинобар ин ҳамлаи онон ба сафорати Эрон дар Димишқ, далели равшане бар даступо задани беҳуда дар бакоргирии абзорҳои мухталиф ҷиҳати халосӣ аз буҳрони кунунӣ аст.

Бинобар ин режими саҳюнистӣ аз замони амалиёти “Туфони Ал-Ақсо” эҳсос кард, ки системе, ки аз ибтидои таъсиси “Бен Гуриён” эҷод карда шурӯъ ба фурӯпошӣ намуда ва имрӯз мавзеъи бақои режими саҳюнистӣ бо ин қудрат рӯ ба таҳлил ва фарсоиш аст, чунон ки, борикаи Ғазза бо маҷмӯае аз неруҳои муқовимат ва пас аз гузашти 6 моҳ ҷанг ҳамчунон қудратмандона меҷангад ва ин режими ишғолгар дар муқобила бо онон ҳанӯз натавониста ва ҳаргиз нахоҳад тавонист, ки ин набардро ба нафъи худ поён диҳад.

Баъд аз ҳамлаи паҳподии шаби гузаштаи Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи пойгоҳҳои режими ишғолгари Исроил, вазорати ҷанги “Исроил” соете пеш дар баёнияе иддао кард, ки бо “паҳподҳо ва мушакҳои эронӣ муқобила хоҳад кард, аммо мумкин аст натавонад ҳамаи онҳоро соқит кунад”; Ҳамин амр собит мекунад, ки паҳподҳо ваҳмчнин мушакҳои баллистики Эрон бисёр қудратманд ва ҳушманданд ва режими саҳюнистӣ қудрати боздорандагиро надорад.

Ба ҷуръат метавон гуфт, ки имрӯз Эрони Исломӣ дар боздорандагӣ қудратманд буда ва ба аҳдофи худ даст ёфтааст ва рӯъб ва ваҳшате, ки режими саҳюнистӣ таҷриба кардааст, гувоҳи ин таҳаққуқи аҳдофи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Дар ҳамин росто, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯе бо ишора ба ҷанбаҳои роҳбурдии амалиёти «Ваъдаи Содиқ» бо баёни ин ки ин амалиёт бо муваффақияти комил аз шаби гузашта то имрӯз субҳ анҷом ва ба ҳамаи аҳдофаш расидааст, афзуд: ин амалиёт мунтаҷҷи ба натиҷаи комил аст ва аз назари мо хотима ёфтааст ва қасде бар идомаи амалиёт вуҷуд надорад, аммо чунон чи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ иқдоме алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ дар хоки мо ва чӣ дар марокизи мутааллиқ ба мо дар кишвари Сурия ва ҷои дигаре анҷом диҳад, амалиёти бузургтаре анҷом хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад