Ҷанги ҷадид ё қабули шикаст; нигоҳе ба хуруҷи саҳюнистҳо аз Ғазза

Хуруҷи нерӯҳои низомии режими саҳюнистӣ аз Ғазза бозтобҳои зиёде дошта ва ба ҳамин сабаб сенарияҳои гуногуне барои он баён шудааст.

Иқдоми режими саҳюнистӣ дар хориҷ кардани нерӯҳояш аз Навори Ғазза, аз ду ҳолат хориҷ нест: ё саҳюнистҳо дар ҳоли омодашавӣ барои як иқдоми низомии ҷадид ҳастанд, ё онки худро барои пазируфтани шикаст дар Навори Ғазза омода мекунанд.

Артиши режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе, 7-и апрел эълон кард тамоми нерӯҳои артиш, ба ҷуз як бахш-, ки маъмурияташ ҷилавгирӣ аз интиқоли ҷамъият аз ҷануб ба шимоли Навори Ғазза аст- ҷануби Навори Ғаззаро тарк кардаанд. Хабаргузории Рӯйтерз ин хабарро бидуни ироа ҳаргуна тавзеҳоти бештаре аз сӯи сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ нақл кардааст.

Режими саҳюнистӣ дар замоне иқдом ба хориҷ кардани нерӯи заминии худ аз ҷануби Навори Ғазза кардааст, ки дар шароити вижае қарор дорад ва пас аз нокомӣ дар озодии асирони саҳюнист дарбанди муқовимат дар Ғазза аз яксӯ ва идомаи ҳузури размандагони муқовимати Фаластин дар ин минтақа аз сӯи дигар, ҳамагонро нисбат ба шикасти шармовари режими саҳюнистӣ аз аҳдофи аз пеш таъйиншудаи ин набард огоҳ месозад.

Вазъияти вижаи режими саҳюнистӣ дар оғози ҳафтумин моҳи ҷанг

Режими саҳюнистӣ дар ҳоли ҳозир бо чаҳор буҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ аст, ки ҳар як аз онҳо, ин режимро дар тангно қарор медиҳад.

Аз яксӯ, режими саҳюнистӣ пас аз ҳамлаи террористӣ ба сохтмони консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ, дар интизори посухи Эрон аст ва ҳамин интизор онҳоро дар вазъияти омодабош қарор додааст.

Аз сӯи дигар даргириҳои ин режим бо Ҳизбуллоҳ дар шимоли Фаластини ишғолӣ, ташдид шудааст ва мақомоти режими саҳюнистӣ тайи моҳҳои ахир аз даргирии ҳатмӣ бо Ҳизбуллоҳ хабар додаанд.

Дар шакли севум, режими саҳюнистӣ аз сӯи бахше аз саҳюнистҳои сокини Фаластини ишғолӣ-, ки бо хонаводаи асирони ин режим ибрози ҳамдардӣ ва ҳамроҳӣ мекунанд- таҳти фишори эътирозҳои хиёбонӣ қарор гирифта, ки ҳар рӯз шадидтар мешаванд.

Ва дар шакли охир, аз замоне, ки саҳюнистҳо эълон кардаанд барои ҳамлаи заминӣ ба минтақаи Рафаҳ омода мешаванд, бо давлати Амрико ихтилофи ҷиддӣ пайдо кардаанд ва ҳамин ихтилоф сабаб шуда, аз сӯи давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ таҳти фишор қарор бигиранд.

Далелҳои эҳтимолии хуруҷи нерӯҳои заминӣ аз Навори Ғазза

Бо таваҷҷуҳ ба чаҳор буҳрони боло, ба назар мерасад хуруҷи нерӯҳои артиш аз Навори Ғазза маҳалли савол аст ва инки чаро дар ин шароит режими саҳюнистӣ иқдом ба хуруҷи бахши зиёди нерӯҳои худ аз Навори Ғазза мекунад? Саволи калидӣ ин аст, ки режими саҳюнистӣ, ки то пеш аз ин аз омодагии худ барои юриш ба Рафаҳ хабар дода буд ва моҳи Рамазон низ ба рӯзҳои интиҳоии худ наздик мешавад, чаро ба ногаҳон тасмим ба ақибнишинӣ аз Ғазза гирифтааст?

Омодагӣ барои муқобила бо зарбаи ҶИЭ

Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба сохтмони консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ, убур аз хатти қирмизе буд, ки худи саҳюнистҳо беҳтар аз ҳар касе медонанд, бидуни посух нахоҳад монд. Дар ҳақиқат ин қатъият дар посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон, сабаб шудааст режими саҳюнистӣ аз як ҳафтаи қабл то кунун дар омодабоши комил бошад. Ин омодабош фақат шомили нерӯҳои низомӣ ва амниятӣ нест ва нерӯҳои имдодӣ ва созмонҳои кумакрасонро низ дар бар мегирад. Режими саҳюнистӣ медонад Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора бо сабр иқдомоти худро тарроҳӣ ва иҷро мекунад ва ҳамин сабри тактикӣ, сабаби фарсоиши нерӯҳо ва фишори афкори умумӣ мешавад.

Бинобарин, ба назар мерасад яке аз далелҳои эҳтимолии хуруҷи нерӯҳои заминии артиши режими саҳюнистӣ он аст, ки ин нерӯҳоро барои зарбаи ҶИЭ омода мекунанд ва талош доранд аз ҳамин ҳоло ғофилгир нашаванд.

Ҳамла ба ҷануби Лубнон

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз дувумини рӯзи ҷанг дар 8-и октябри 2023, вориди набард бо режими саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ шуда, ва як севуми тавони артиши режими саҳюнистиро дар онҷо даргир кардааст. Вуруди Ҳизбуллоҳ ба ҷанг бо як раванди мулоими суъудӣ ҳамроҳ буда. Муқовимати исломии Лубнон ба мурур бар фишори ҳамалоти худ афзудааст, ба гунае, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 80% шаҳракҳои шимоли Фаластини ишғолӣ холӣ аз сокинин ҳастанд. Дар як назарсанҷии ахир, 81% сокинони шаҳракҳои шимолӣ эълон кардаанд то замоне, ки Ҳизбуллоҳ ба болои рӯди Литонӣ нақли макон накунад, ҳозир ба бозгашт ба шаҳракҳои шимол нестанд.

Пас, режими саҳюнистӣ бо вазъияти нобасомоне дар шимол рӯбарӯ аст, ки амалан ҳазинаҳои сангинеро бар ин режим ворид мекунад. Мақомоти низомӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ тайи ду моҳи гузашта, ҳамвора аз даргирии қатъӣ бо Ҳизбуллоҳ дар шимол хабар додаанд ва эълон кардаанд пас аз Ғазза навбати даргирӣ дар шимол аст. Аз ҳамин рӯ метавон яке гуфт хуруҷи нерӯҳои артиши режими саҳюнистӣ аз Ғазза метавонад муқаддимае барои калид хӯрдани сенарияи ҳамла ба Лубнон бошад.

Омодагӣ барои ҳамла ба Рафаҳ

Мақомоти режими саҳюнистӣ ҳамвора ба расонаҳои саҳюнистӣ ва ғарбӣ эълон кардаанд, ки ҳамла ба Рафаҳ як зарурат аст ва анҷом нашудани ин ҳамла, ҷанги шаш моҳи гузашта дар Ғаззаро бидуни дастовард хоҳад гузошт. Ин масъала барои мақомоти режими саҳюнистӣ онқадар ҷиддӣ буда, ки онҳо ҳазинаи ихтилофи назар ва даргир шудан бо Амрикоро низ пазируфтаанд ва бо вуҷуди эълони расмӣ мақомоти амрикоӣ изҳор доштаанд, ки агар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамла ба Рафаҳ бо онҳо ҳамроҳӣ накунад, бидуни ҳимояти Амрико даст ба ин иқдом хоҳанд зад. Дар натиҷа, яке аз гузинаҳои мӯҳтамал он аст, ки саҳюнистҳо дар ин давраи замонӣ, бо ҳадафи таҷмиъи нерӯҳо ва таҷҳизи онҳо, нерӯҳои артиши худ аз Ғаззаро фаро хонда бошанд, то барои ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳ омода шаванд. Ба вежа, ки моҳи мубораки Рамазон низ дар ҳоли тамом шудан аст ва онҳо то ҳадде аз нигарониҳои гузаштаашон дар бораи барангехтани эҳсосоти ҷомеаҳои исломӣ ва арабӣ халос мешаванд.

Костан аз фишорҳои байналмилалӣ

режими саҳюнистӣ ба далели наслкушӣ ва кушторе, ки дар Навори Ғазза муртакиб шуд, ба шиддат таҳти фишорҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ қарор гирифтааст. Дар давраи кунунӣ буҳрон эътирозҳои дохилӣ, фишори давлати Амрико барои ҷилавгирӣ аз ҳамла ба Рафаҳ, фишори равонии ношӣ аз посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон, буҳрон дар ҳоли афзоиш ношӣ аз иқдомоти Ансоруллоҳ дар Дарёи Сурх ва фишоре, ки дар пайи ҳамалоти ин режим ба ниҳодҳои кумакрасони байналмилалӣ ба ин режим ворид мешавад, саҳюнистҳоро дар тангнои вахимтар аз ҳар замони дигаре қарор додааст. Пас, ҳар он имкони он вуҷуд дорад, ки ин режим бо яке аз ин буҳронҳо дар ҳолати нобудӣ ва суқут қарор гирад.

Яке аз гузинаҳои эҳтимолӣ он аст, ки режими саҳюнистӣ барои коҳиши ин фишорҳо, даст ба иқдоми давраӣ ва тактикӣ зада бошад ва бо хориҷ кардани нерӯҳои худ аз Навори Ғазза, талош кунад бахше аз ин фишорҳоро бикоҳад.

Фароянди пеши рӯи мубодилаи асирон

Дар ҳоли ҳозир ҳайате аз сӯи ҷунбиши Ҳамос ба раҳбарии Халил Ал-Ҳайя, дар Қоҳира ҳузур дорад, то дар бораи мубодилаи асирон, музокироти ғайри мустақимро бо миёнҷигарии Миср ва Қатар бо саҳюнистҳо анҷом диҳад. Расонаҳои режими саҳюнистӣ низ аз омодагии тими музокиротии режими саҳюнистӣ барои сафар ба Қоҳира сухан мегӯянд. Яке аз гузинаҳои эҳтимолӣ ин аст, ки режими саҳюнистӣ дар чорчуби тарҳи мубодилаи асирон, бахше аз нерӯҳои худро аз Ғазза хориҷ карда бошад.

Фиреби муқовимат барои террори раҳбарони муқовимат

Яке аз гузинаҳои эҳтимолӣ ин аст, ки режими саҳюнисте, ки то кунун натавониста ба аҳдофи худ- яъне озодии асирон ва аз байн бурдани Ҳамос бо террори раҳбаронаш- бирасад бо хориҷ кардани нерӯҳои худ аз Навори Ғазза, гурӯҳҳои муқовиматро фиреб диҳад, то онҳо бо хуруҷи аз махфигоҳҳои худ ва ҳузури майдонии бештари нишонаҳои барои расидани саҳюнистҳо ба аҳдофашон дар ихтиёри дастгоҳҳои амниятии режими саҳюнистӣ бидиҳанд. Ба вежа, ки тайи рӯзҳои гузашта, гаштзаниҳои паҳподҳои режими саҳюнистӣ афзоиш ёфтааст.

Дар канори тамоми гузинаҳои эҳтимолии фавқ мумкин аст режими саҳюнистӣ чанд гузинаро дар канори ҳам тарроҳӣ карда бошад ва барои иҷрои чанд гузина, нерӯҳои худро хориҷ карда бошад. Инки ҳамроҳ бо фиреби муқовимат дар Навори Ғазза, даст ба амалиёти алайҳи Ҳизбуллоҳ бизанад ва дар айни ҳол афкори умумии ҷаҳонро низ барои костани фишорҳои байналмилалӣ фиреб диҳад.

Ба таври хулоса метавон гуфт иқдоми режими саҳюнистӣ дар хориҷ кардани нерӯҳояш аз Навори Ғазза, аз ду ҳолат хориҷ нест: ё саҳюнистҳо дар ҳоли тадорук барои як иқдоми низомии ҷадид ҳастанд, ё онки худро барои пазируфтани шикаст дар Навори Ғазза ва ҳаракат ба самти поён додан ба буҳрон бо такя ба роҳкорҳои ғайринизомӣ омода мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад