Ҳамос дар таҳаққуқи аҳдофи сиёсии худ муваффақ будааст

Як рӯзномаи саҳюнистӣ бо баррасии наҳваи амалкарди режими саҳюнистӣ дар ҷанги алайҳи Ғазза  ва истодагии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), эътироф кард, ки ин ҷунбиш дар таҳаққуқи аҳдофи сиёсии худ муваффақ амал кардааст.

Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳаронот” эътироф кард, ки дар ҷанги алайҳи Ғазза ин, ки чӣ касе бештар мекушад, муҳим нест балки ин, ки чӣ касе бештар ба аҳдофи сиёсии худ наздик мешавад, муҳим аст.

Ин рӯзномаи саҳюнистӣ бо ин ҳушдор, ки бидуни уфуқи сиёсӣ, аз ҷунбиши Ҳамос шикаст мехӯрем, афзуд: Ҳамос ба ҳадафи худ мабнӣ бар аз байн бурдани ҳаргуна фурсате барои оддисозии равобит миёни Арабистони Саудӣ ва Телавив ва ё кишварҳои арабӣ дар оянда, ба шиддат наздик шудааст.

Рӯзномаи саҳюнистии “Едиот Аҳаронот” таъкид кард: ҷунбиши исломии Ҳамос ба бархе аҳдофи сиёсии худ дар Навори Ғазза даст ёфтааст ва он кина ва нафрат аз Исроил дар зеҳни садҳо миллион нафар аз мардуми саросари ҷаҳон аст, яҳудиситезӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ҷойгоҳи байналмилалии Исроил ба сатҳи бесобиқае суқут кардааст, ҳатто дар демокрасиҳои ғарбие, ки солҳо дӯсти мо буданд, ҳар рӯз фаластиниҳо кушта шуда ё дар Ғазза гуруснагӣ мекашанд ва Ҳамос қадами дигаре ба самти пирӯзи мебарадорад, аммо Исроил ба ҳич як аз аҳдофи худ наздик ҳам нашудааст.

Дар ҳамин робита Босим Наим, дар тасреҳ кард: Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) чизе камтар аз таваққуфи таҷовуз ба Ғазза, бозгашти оворагон, ақибнишинӣ аз ишғол ва вуруди кумакҳои башардӯстонаро нахоҳад пазируфт ва аз мавзеъи заъф вориди музокира намешавад ва ин Бенямин Нетаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ аст, ки думболи хунсо кардани музокирот барои аҳдофи шахсӣ аст.

Босим Наим, узви дафтари сиёсии ҷунбиши исломии Ҳамос бо ишора ба изҳороти Кохи Сафед дар хусуси амалкарди ҷунбиши Ҳамос дар музокирот гуфт: Изҳори назари Вашингтон мабнӣ бар инки пешниҳоди Ҳамос дар маҳдудаи тавофуқ қарор дорад, ҷидияти ин ҷунбиш дар дастёбӣ ба тавофуқи оташбасро таъйид мекунад.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), дар иттилоияе эълом кард: дар чорчуби пайгирии музокироти оташбас аз тариқи бародарони мо дар Миср ва Қатар, барои таваққуфи таҷовузи низомӣ ба мардуми Ғазза ва кумакрасонӣ ва бозгашти оворагон ба Ғазза ва хурӯҷи неруҳои ишғолгар аз Навори Ғазза, дидгоҳи ҷомеъи худро, ки мубтанӣ бар ин усул ва мабонӣ аст ва барои тавофуқ зарурӣ аст, ба миёнҷигарон ироа кардем.

Ин дарҳоле аст, ки дафтари Бенямин Нетаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар вокуниши аввалия ба посухи ироа шудаи Ҳамос дар бораи тавофуқи оташбас дар Ғазза, шурути ин ҷунбишро «номаъқул» донист ва онҳоро напазируфт.

Ҳамчунин дафтари нахуствазири Исроил аз таъйиди тарҳҳои шурӯъи ҳамлаи низомии заминии артиши ин режими ҷинояткор ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза тавассути Бенямин Нетаняҳу хабар дод.

Дар ҳоле, ки наздик ба ду моҳ аст миёнҷиҳои мисрӣ ва қатарӣ талош мекунанд, ки буҳрони Навори Ғаззаро поён диҳанд, режими палиди саҳюнистӣ бо коршиканӣ монеъи таҳаққуқи оташбас мешавад ва нахуствазири режими саҳюнистӣ ба далели аҳдофи шахсӣ ва ҳифзи қудрат ва курсии худ ва кобинаи худ аз пазириши тавофуқ ҷулугирӣ мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки мавозеъи Ҳамос аз ибтидо равшан буда ва бар таваққуфи ҳамаҷонибаи ҷанг таъкид доштааст.

Режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ дарҳоле рӯзи гузашта аз сафари намояндагони худ ба Доха пойтахти Қатар барои анҷоми музокирот хабар дод, ки Бенямин Нетаняҳу ҷумъа шаб бори дигар бар ҳамла ба Рафаҳ таъкид кард.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад