Гузориши Бонки тавсеаи осиёӣ аз коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон

Коршиносони Бонки тавсеаи осиёӣ пешбинӣ мекунанд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2024 ва 2025 ба далели коҳиши ҳаволаҳо, маҳдудиятҳои фазои молӣ ва коҳиши тақозои ҷаҳонӣ барои содироти аслии Тоҷикистон андаке коҳиш хоҳад ёфт.

Бонки тавсеаи осиёӣ дар чашмандози тавсеаи осиёии худ дар апрели 2024, ки мунташир шуд гуфт: “Тавлиди нохолиси дохилии кишвари Тоҷикистон ҳам дар соли ҷорӣ ва ҳам дар соли оянда, ба думболи рушди 8.3 дарсадӣ дар соли 2023 ҳудуди 6.5 дарсад рушд хоҳад кард. Рушди нисбатан боло дар соли 2023 вобаста ба рушди кишоварзӣ ва сохту соз ва ҳамчунин рушд дар бахши хадамот будааст.”

Шени Кампбэл, мудири Бонки тавсеаи осиёӣ дар Тоҷикистон гуфт: “Тоҷикистон бо чолишҳо ва хатароти ҷиддии обуҳавоӣ мувоҷеҳ аст, ки метавонад ба осебҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  муҳитизистии ҷуброннопазире мунҷар шавад ва тавсеаи иқтисоди сабз-калиди рушди пойдори кишвар аст.”

Ин гузориш таъкид мекунад, ки бо афзоиши ҷамъият, камбуди заминҳои қобили кишти Тоҷикистон ба вобастагии шадид ба маводи ғизоии воридотӣ, тазъифи амнияти ғизоӣ ва афзоиши осебпазирии ҷамъият дар баробари балоҳои табиӣ сабаб шудааст.”

Ӯ илова кард: “Дар тӯли 34 соли гузашта ин кишвар ҳудуди 20 дарсад аз пиряхҳои табии худро аз даст додааст. Ин як таҳдиди ҷиддӣ барои иқтисод аст, зеро кишвар барои тавлиди барқи обӣ ба шиддат ба рӯдхонаҳои таъминшаванда шуда аз пиряхчҳои табиӣ вобаста аст.”

Кампбэл афзудааст: “Бо ҳимояти Бонки тавсеаи осиёӣ, давлат стратегияи тавсеаи иқтисоди сабзро то соли 2027 таҳия ва тасвиб кард, ки 11 ҳавзаи авлавиятдор шомили баҳраварии энержӣ, системаҳои мудирияти пасмонд ва экотуризмро мушаххас мекунад.  Дар ҳамин ҳол таваррум дар Тоҷикистон дар солҳои 2024 ва 2025 бар асоси пешбиниҳои барӯзшудаи Бонки тавсеа осиёӣ, ба тартиб ба 5.5 ва 6.5 дарсад арзёбӣ мешавад.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад