Сабукиҳои нави гумрукию андозӣ барои истеҳсолкунандаҳо дар Тоҷикистон

Сабукиҳои нави гумрукию андозӣ аз оғози апрел дар Тоҷикистон бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2024 дода шуданд.

Сабукиҳои нави гумрукию андозӣ аз оғози апрел дар Тоҷикистон бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2024 дода шуданд.

Ба гузориши манбаъ:

Воридоти маҳсулот барои тавлиди маҳсулоти гандумӣ ва равған дар Тоҷикистон арзонтар мешавад.

Тағйирот ба қонун дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 аз оғози моҳи равон мавриди амал қарор гирифтанд.

Бар асоси тағйироти мазкур, андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои коркарди гандум, зимни воридоти гандум, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, бо меъёри 10 дарсад муқаррар карда мешавад.

Таъкид шудааст, ки воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ аз сабукиҳои мазкур бархӯрдор нахоҳанд буд.

Инчунин фурӯши равғани растанӣ барои корхонаҳои коркарди равған бо меъёри 10% муқаррар шудааст.

Барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда, аз қабили кунҷора, шрот – хӯроки паранда ва чорво бо меъёри 7% шудаст.

Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми хариди молу маҳсулоти дигар, аз ҷумла кор ва хизматрасонӣ барои фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронӣ ва барои коркарди равғани растанӣ ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10% зиёд бошад.

Ин сабукиҳо дар ҳолеянд, ки қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз он интиқод кард, ки кишвар қариб ҳамагӣ панҷяки талаботи дохилии худро таъмин мекунад, дар ҳоле, ки зарфиятҳои бузург дорад.

Президенти Тоҷикистон баррои тавлиди маҳсулоти дохилӣ, аз ҷумла зиёд намудани истеҳсоли равған супориш дода буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад