Вазорати корҳои хориҷӣ: Алайҳи Русия фаъолияте надорем

Вазорати корҳои хориҷии кишвар иддаои дабири Шӯрои олии амнияти миллии Русия дар бораи ин ки сафорати Украина дар Душанбе дар ҳоли истихдоми неру барои ҷанг алайҳи Русия астро рад кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишварамон Тоҷикистон, бо ишора ба суханони мақоми аршади амниятии Русия, ки дар расонаҳои ин кишвар нашр шуда, гуфт: Аз назари давлати Тоҷикистон, ин иддаои мақоми русӣ ҳеҷ асосе надорад ва ҳеҷ санаде барои он мавҷуд нест.

Ройтерс навишт: Расонаҳои русӣ пеш аз ин гузориш доданд: Николай Петрушев, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ва яке аз мушовирони аршади Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи чаҳоршанбе, изҳор дошт: “Сервисҳои вижаи Украина” пушти тирандозии маргбори консерти моҳи гузашта дар наздикии Маскав ҳастанд ва сафорати Украина дар Тоҷикистон дар ҳоли ҷазби сарбоз алайҳа Русия аст.

Украина ҳаргуна иртиботе бо ҳамлаи террористии Маскав, ки дасти кам 144 кушта барҷой гузоштро рад карда ва Амрико низ гуфтааст, ки ДИИШ ба танҳоӣ масъуляти ин ҳамларо бар уҳда гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад