Режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз аҳдофаш дар Ғазза нарсидааст

Дар шароите, ки фишорҳои афкори умумии байналмилалӣ бар Амрико барои коҳиши ҳимоятҳо аз ҷанги Исроил дар Ғазза афзоиш ёфта, "CNN" навишт, ки ҳеҷ як аз аҳдофи эъломии ин режим дар ҷанг муҳаққақ нашудааст.

Бо гузашти 6 моҳ аз ҷанг дар Ғазза, режими саҳюнистӣ на роҳбурде барои хурӯҷ аз ҷанг дорад ва на ҳеҷ барномае барои оянда». Инро “Ивана Кутасова” нависандаи аршади ин расонаи амрикоӣ матраҳ кардааст.

Ба навиштаи ӯ, «Ҷанги Ғазза шаш моҳ аст, ки идома дорад ва сабри муттаҳидони Исроил дар ҳоли тамом шудан аст. Ҳамзамон бо афзоиш теъдоди куштаҳо дар ин минтақа, ба таври физояндае ошкор мешавад, ки Исроил ҳеҷ барномаи қобили қабуле барои поён додан ба ҷанг ё он чи дар оянда хоҳад омад, надорад».

Ивана Кутасова ҳушдор дод, ки «азме барои идомаи таъқиби Ҳамос дар Ғазза ба рағми паёмадҳои инсонии ваҳшатнок, ба таври физояндае дорад Исроилро дар саҳнаи ҷаҳонӣ мунзавӣ мекунад ва давлаташ бо фишор аз ҳама тарафҳо мувоҷеҳ аст».

Ба гуфтаи ӯ, «Чандин созмони байналмилалӣ ҳушдор додаанд, ки Исроил мумкин аст муртакиби наслкушӣ шавад ва ҳатто наздиктарин муттаҳидонаш акнун ошкоро аз Бенёмин Нетаняҳу интиқод мекунанд. Дархостҳо барои таваққуфи ирсоли силоҳ ба Исроил дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Биритониё дар ҳоли афзоиш аст».

Ивана Кутасова  таҳлилгари аршади CNN, ки расонаи наздик ба демократҳо дар Амрико аст, изофа кард: «ҳамзамон бо ин таҳаввулот, Бенёмин Нетаняҳу  ва давлатш таҳти фишори рӯ ба густариши дохилӣ қарор доранд ва мӯътаризон бори дигар дар хиёбонҳо дар теъдоди боло хостори истеъфояш шудаанд».

Кутасова  бо баёни инки «аз байн бурдани Ҳамос ва бозгардондани гаравгонҳо» ду ҳадафи эъломии Исроил аз ҷанги Ғазза будааст, афзуд: «6 моҳ аз ҷанг гузашт ва ҳеҷ як аз ин аҳдоф муҳаққақ нашудааст».

Дар ҳамин робита як рӯзномаи амрикоии дигар дар гузорише пуштибонии ҳамаҷонибаи Амрико аз режими саҳюнистиро омили ташдиди интиқодот аз давлати Ҷо Байден донист.

Ба гузориши рӯзномаи Ню-Йорк Таймз имрӯз дар гузорише навишт: бо тадовуми ҳамалот алайҳи мардеми мазлуми Навори Ғазза, идомаи кумакҳои низомӣ аз сӯи Амрико ба режими саҳюнистӣ ба як масъалаи ҷанҷолӣ табдил шудааст.

Дар идомаи ин гузориш ба нақл аз Мартин Андик, фиристодаи пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар раванди сулҳи Ховари Миёна омадааст: саховатмандии Амрико дар кумакҳои ҳамаҷониба ба Исроил тайи даҳаҳои ахир ин эҳсосро дар байни онҳо эҷод кард, ки лоиқи чунин кумакҳое ҳастанд.

Вай дар идома таъкид кард: дар моҳҳои ахир иттикои Исроил ба пуштибонии Амрико  ба таври ҷиддӣ афзоиш пайдо карда ва далели аслии он ҳам ин буда, ки қудрати боздорандагии Исроил дар рӯзи ҳафтуми октябр фурӯ пошид.

Бо ин ҳама кӯмаки таслиҳотии Амрико ба режими ҷинояктор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ расонаҳои ибрӣ дар гузоришҳои худ ба нотавонии артиши ҷинояткори режими саҳюнистӣ дар набарди заминии Ғазза ба вижа дар тақобул бо неруҳои муқовимати исломӣ дар Хон Юнус изъон карданд.

Ба гузориши рӯзномаи ибрӣ забони Исроил Ҳаюм ба нақл аз манобеи сиёсии ин режими ҷинояткор овардааст, ки маъмурияти артиши режими саҳюнистӣ дар Хон Юнус нобудии неруҳои Ҳамос ва озодии усаро будааст, ки токунун ҳеҷ дурнамои мусбате барои таҳаққуқи онҳо вуҷуд надорад.

Ин манобеъ таъкид карданд, ки артиш дар шароити феълӣ қодир ба таҳаққуқи дастоварде дар робита бо усарои исроилӣ дар Хон Юнус нест.

Аз сӯи дигар, шабакаи ибрӣ забони Кан ба нақл аз як манбаи сиёсӣ таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ фоқиди ҳаргуна стратегия барои идораи ҷанг аст, бинобар ин наметавонад музокиротро пеш бибарад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад