Паёми фаъолону донишҷӯёни Афғонистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Мардуми Афғонистон бо вуҷуди чаҳор даҳа ишғол ва нобасомонӣ ормони Фаластинро аз ёд набурдаанд ва ҳамеша ҳимоятгари миллати мазлуми Фаластин будаанд.

Шуморе аз фаъолони расонаӣ ва донишҷӯӣ дар кобул бо таъкид бар ҳимояти мардуми Афғонистон аз Фаластин изҳор доштанд, ки роҳи ҳалли доимии масъалаи Фаластин нобудии режими саҳюнистӣ аст.

Мардуми Афғонистон бо вуҷуди чаҳор даҳа ишғол ва нобасомонӣ ормони Фаластинро аз ёд набурдаанд ва ҳамеша ҳимоятгари миллати мазлуми Фаластин будаанд.

Расул Шаҳзод аз хабарнигорон ва фаъолони расонаӣ ба “Avapress” бо ишора ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ гуфт, ки ҷанги Ғазза кушандатарин рӯйдод барои хабарнигорон аст.

Вай аз ниҳодҳо ва созмонҳои ҳомии хабарнигорон ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ хост, то аз идомаи куштори хабарнигорон тавассути режими саҳюнистӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Муҳаррам Ҳусайн Илмӣ, фаъоли донишҷӯӣ низ изҳор дошт, ки вазифаи ҷаҳони Ислом ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ ҳимояти ҳамаҷониба аз мардуми Ғазза ва иқдоми ҷиддӣ дар муқобили режими саҳюнистӣ барои таваққуфи ҷиноятҳо, мунзавӣ кардан ва таҳрими ин режим аст.

Вай гуфт, ки роҳи ҳалли доимии масъалаи Фаластини ишғолӣ, озодии ин сарзамини муқаддас ва нобудии режими ҷаълии Исроил аст.

Илмӣ илова кард, ки мардуми Афғонистон ба рағми таҳаммули беш аз чаҳор даҳа ҷанг, ишғол ва нобасомонӣ ормони Фаластинро аз ёд набурда ва ҳамеша ҳомии миллати мазлуми Фаластин буда ва ҳастанд.

Сайидмуҳаммад Ҳошимӣ аз фаъолони расонаии афғон низ гуфт, ки Рӯзи Қудс барои ҷаҳониён ва мусулмонон фурсати муносибе барои ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин ва инзиҷор аз сиёсатҳои ситамомези режими саҳюнистӣ аст.

Вай таъкид кард, ки ҷаҳони Ислом бояд дар муқобили ҳаргуна зулм муттаҳид шаванд.

Ҳошимӣ дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Қудс гуфт: “паёми Рӯзи Қудс ба душмани саҳюнстӣ ин аст, ки ҳар чӣ бештар бар зулм ва ҷинояти худ алайҳи мардуми Фаластин идома бидиҳед, мардуми Фаластин ва ҳомёнаш бо азм ва иродаи худ, дар роҳи мубориза барои озодии сарзамини ишғолӣ пойдортар ва қавитар хоҳанд шуд.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад