Кашфи ҷасади Селван Момика дар Норвегия

Манобеи ғайри расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш доданд, ки ҷасади Селван Момика, иҳонат кунанда ба Қуръони Карим ва касе, ки чандинбор ба Қуръон иҳонат кард, тавассути полиси Норвегия дар маҳалли опортмонаш кашф шудааст.

Ба гузориши “latestly”, Селван Момика, паноҳҷӯи ироқӣ буд, ки муддате пеш ба иллати иқдом ба сӯзондани Қуръони Карим дар раъси таваҷҷуҳот ва хабарҳо қарор гирифт.

Ӯ, ки шаҳрванди Ироқ буд ба Шветсия паноҳнда шуда буд. Манобеи хабарӣ эълом карданд ҷасади ӯ дар хонааш дар Норвегия пайдо шуда ва полиси таҳқиқоте дар бораи марги ӯро оғоз кардааст.

Бар асоси бархе гузоришҳои ғайри расмӣ ҷасади ӯ ба ҳамроҳи як нома кашф шуда, ки дар он омадааст: паёми Худо ин аст, ки касоне, ки китоби манро қабул надоранд раҳо кунед, аммо касонеро, ки ба ман ва китоби ман беэҳтиромӣ мекунанд зинда бар рӯи замин нагузоред.

Селван Момика, дар охирин паёми худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишта буд: «Имрӯз Шветсияро тарк кардам ва акнун дар Норвегия таҳти ҳимояти масъулони норвегияӣ ҳастам. Ман барои паноҳндагӣ ва ҳимояти байналмилалӣ дар Норвегия дархост додам.»

Селван Момика масеҳие, ки солҳо дар Шветсия паноҳнда буд, соли гузашта борҳо Қуръонро сӯзонид, ки ин масъала мавҷе аз хашмро дар ҷаҳони Ислом барангехт.

Шветсия дар тобистони сол гузашта шоҳиди ҳаводиси мутааддиде буд, ки тайи он дар муқобили сафоратхонаҳои кишварҳое аз ҷумла Ироқ ва Туркия ба Қуръон иҳонат шуд, ки эътирозоти густурдаеро дар ҷаҳони Ислом барангехт ва бархе кишварҳо ба эҳзори дипломатҳои шветсияӣ иқдом карданд.

Ин ҳаводис, Данияро бар он дошт то қонунеро тасвиб кунад, ки сӯзондани Қуръонро ҷурмингорӣ мекунад, дар ҳоле, ки дар июли 2023, маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иттифоқи оро пешнависи қатъномаеро, ки тавассути Марокаш ироа шуда буд, тасвиб кард, ки ҳама навъ хушунат алайҳи афродро ба далели эътиқодоти мазҳабӣ ва китобҳои муқаддасашон ва амокуни мазҳабии муғоир бо қавонини байналмилалӣ ба шумор меоварад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад