Боздошти 3 фард дар Доғистон ба иттиҳомоти террористӣ

Кумитаи миллии зидди терроризми Русия аз боздошти се фард дар минтақаи Доғистон ба иттиҳоми тарҳрезӣ барои ҳамалоти террористӣ хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Маркази итилоърасонии Кумитаи миллии зидди терроризми Русия , имрӯз (якшанбе) эълом кард, ки се фард ба иттиҳоми тарҳрезӣ барои ҷиноёти террористӣ тайи амалиёти вижае дар минтақаи Доғистон дастгир шудаанд.

Хабаргузории Спутник дар ин бора гузориш дод, ки тибқи иттилоияи ин кумита дар бозрасӣ аз маҳалли боздошти муҷримон, силаҳҳои худкор, муҳимот ва як бомбаи дастсози омода кашф шуд.

Пештар, ин кумита гуфт, ки неруҳои вижаи Русия ин афродро, ки “террорист” хонда шудаанд, дар чанд апартаменти мутааддид дар шаҳрҳои Махачкалъа ва Бахри Каспий муҳосира карданду тадобири зидди террористӣ дар манотиқи шиносоӣ шуда ба кор гирифта шуд.

Дар иттилоияи Кумитаи миллии зидди терроризми Русия омадааст, ки “тайи ин амалиёти зидди террористӣ, ки имрӯз субҳ дар Махачкалъа ва Бахри Каспий бо ҳидояти фармондеҳии амалиёти Кумитаи миллии зидди терроризм анҷом шуд, сервисҳои амниятӣ се фарди муҳоҷимро боздошт карданд, ки қасд доштанд иқдом ба ҳамалоти террористӣ кунанд.”

Ҳеҷ хисорату талафоте дар миёни шаҳрвандони оддӣ ва маъмурони полис гузориш нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад