Шаҳодати беш аз 400 нафар дар атрофи бемористони Ал-шифо

Дафтари расонаии давлати Ҳамос дар баёнияе гуфт, ки артиши ишғолгари саҳюнистӣ токунун беш аз 400 нафарро дар атрофи бемористони Ал-шифо ба шаҳодат рисондааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дафтари расонаи давлатии Ҳамос дар Ғазза бо судури баёнияе гуфт, ки 13 рӯз аз таҷовузи артиши ишғолгар ба бемористони Ал-шифо ва атрофи он мегузарад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сукут кардааст.

Дар ин баёния омадааст: “Артиши ишғолгар 1050 хона дар атрофи бемористонро мавриди ҳадаф қарор додааст; Амрико, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархе кишварҳои аврупоӣ ва режими ишғолгарро масъули ҷинояти наслкушӣ медонем”.

Дафтари расонаи давлати Ҳамос афзуд: “Артиши саҳюнистӣ ҳамчунон 107 бемори дохили бемористонро дар шароити ғайри инсонӣ дар гаравгони худ дорад ва беш аз 400 нафарро дар атрофи бемористони Ал-шифо ба шаҳодат рисондааст”.

Аз сӯи дигар тибқи гузоришҳо, кадри дармонӣ таҳти “шароити бисёр душвор” кор мекунанд ва имконоти лозим барои мудово вуҷуд надорад.

Системаи беҳдоштӣ дар Ғазза наздик ба фурӯпошӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад