Чин, Фаронса, Ҳинд ва Ироқ ҳамлаи террористии Маскавро маҳкум карданд

Дар ҷадидтарин мавзеъгириҳо дар бораи ҳамлаи террористии Маскав, мақомоти аршади Чин, Фаронса, Ҳинд ва Ироқ ин ҳамларо маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, “Си Ҷинпин” раисҷумҳури Чин бо ирсоли паёме ҳамлаи террористӣ ба як толори кансерт дар Маскавро ба Владимир Путин ҳамтои русии худ тасалият гуфт.

Раисҷумҳури Чин дар паёми худ гуфт: ба намояндагӣ аз давлат ва мардуми Чин, қурбонӣ шудани шуморе дар ҳодисаи террористии Маскавро амиқан тасалият мегӯям ва ҳамдардии самимонаи худро бо маҷрӯҳон ва хонаводаҳои қурбониён эълом мекунам.

Си Ҷинпин таъкид кард, ки мақомоти Чин аз ҳамлаи террористие, ки дар наздикии Маскав рух дод бисёр шавка шудаанд. Вай ҳамчунин ҳимояти қотеъи худро аз талошҳои Русия барои тазмини амният эълом кард.

Раисҷумҳури Чин ҳамчунин афзуд, ки Пекин бо терроризм дар ҳамаи ашколи он мухолиф аст ва ҳамалоти террористиро ба шиддат маҳкум мекунад.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ҳам иқдоми террористиро, ки як маркази харид дар атрофи Маскавро ҳадаф қарор дод, маҳкум кард.

Қасри Элисей дар баёнияе эълом кард, ки «Эммануэл Макрон қотеъона ин ҳамлаи террористиро, ки ДИИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт», маҳкум ва бо қурбониёни ин ҳамла ибрози ҳамбстагӣ мекунад.

Вазорати хориҷаи Фаронса низ пеш аз ин бо шаҳрвандони Русия дар пайи ин ҳамла ибрози ҳамбстагӣ карда буд.

Нахуствазири Ҳинд низ бо судури паёме ҳамлаи террористӣ ба як толори мусиқӣ дар пойтахти Русияро ба шиддат маҳкум кард.

Вазорати хориҷаи Ироқ ҳам дар баёнияе ҳамлаи террористӣ ба ғайри низомиён дар як салони кансерт дар ғарби Маскавро ба шиддат маҳкум кард.

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Ироқ омадааст, ки Бағдод ба шиддат ҳамлаи террористӣ ба ғайри низомиён дар атрофи Маскав «Крокус Ситии» Русияро, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани шумори зиёде шуд, ба шиддат маҳкум карда ва бо давлати Русия ва хонаводаҳои қурбониён ибрози ҳамбстагӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил оризу мекунад.

Ин баёния афзуд, ки вазорати хориҷаи Ироқ бори дигар бар мавзеъи собити худ таъкид мекунад мабнӣ бар инки зарурат дорад то ҷомеаи байналмилал ба масъулиятҳои худ барои муқобила бо терроризм амал карда ва бо ҷиноёти хушунат дар тамоми ашколи он мухолифат кунад.

Афроди мусаллаҳи ношинос ҷумъа шаб 22 март, ба як толори кансерт ба номи «Крокус» дар ғарби Маскав, пойтахти Русия, ки мамлув аз тамошогар буд ҳамла карданд. Расонаҳои рус аз афзоиши омори талафоти ин ҳамлаи террористӣ ба муҷтамаъи тиҷорӣ дар атрофи Маскав ба 62 кушта ва беш аз 100 захмӣ хабар доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад