Фаластин пирӯзи ниҳоӣ дар набард алайҳи режими ғосиби саҳюнистӣ

Амалиёти ғофилгиркунандаи Ҳамос ба сарзаминҳои ишғолӣ бо унвони "Тӯфони Ал-Ақсо", сатҳи болотар аз ҳамалоти гузаштаи гурӯҳҳои муқовимати фаластиниро сабт кард ва режими саҳюнистӣ низ вокуниши ҷинояткоронае ба ин амалиёт нишон дод.

Фаластин, масъалаи аввали ҷаҳони Ислом ва ҳатто масъалаи аввали ҷаҳони инсонҳо, ин рӯзҳо дар ҳоли иваз кардани сафҳаҳои таърих ва рақамзадани вақойеи шигифт аст, вақойеи, ки на фақат барги ҷадиде дар китоби таърих аст, ки шояд битавон иддао кард, сафҳаи поёнии як фасл барои гушӯдани фасли ҷадид аст.

Амалиёти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” чунон муҳкам ва муваффақ буд, ки Исроил ночоран бояд шикасти худро бипазирад, асосан ин набарде, ки саҳюнистҳо дар Ғазза оғоз карданд, аз ҳамон ибтидои ҳафтуми октябр шикасти хӯрда буд.

Тавре ки хабаргузориҳои саҳюнистӣ, тасреҳ кардаанд, ҳам акнун Исроил дар вазъият ва шароити ба маротиб буғранҷтаре дар муқоиса бо рӯзи аввали амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” қарор дорад ва бозгашти тарафайн ба шароити рӯзи аввали ҷанг бисёр сахт аст. Исроил тайи ҳамалоти вайронгаре, ки ба Ғазза дошта, натавонистааст ба ҳеҷ як аз аҳдофи эълом шудаи артиш ва давлати Нетанёҳу, аз ҷумла бозгардондани усарои саҳюнистӣ бирасад.

Худи саҳюнистҳо ё ҳадди ақал ҷомеаи ғайри давлатии он, шикаст дар набард бо фаластиниён ва Ҳамосро пазируфтаанд ва ба думболи ёфтани роҳе барои идомаи ҳаёти Исроил пас аз ин шикасти бузург ҳастанд. Ҳар чанд ин шикаст тармимнопазир аст ва ба эътирофи хабаргузориҳои саҳюнистӣ, дигар баргашт ба рӯзи аввали ҷанг ҳам бисёр сахт аст, чӣ расад ба рӯзҳои пеш аз амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо”, аммо бояд таваҷҷуҳ шавад, ки масири сиёсӣ пас аз итмоми ҷанг бисёр ҳаётӣ, ҳассос ва боаҳамият аст; Ҳатто гоҳ муҳиммтар ва ҳассостар аз масоили майдонӣ.

Ҳамос ба диққат дар ҳоли баррасии тарҳҳои сулҳи ироа шудааст ва онҳоро баррасӣ мекунад то дар ниҳоят битавонад бештарин имтиёзоти мумкинро бигирад ва дар айни ҳол замонатҳои лозим барои иҷрои мафоди тарҳҳои сулҳ ва тавофуқномаҳоро ба гунае, ки дигар шоҳиди ҷиноёти тарафи саҳюнистӣ ва ваҳшигариҳои беҳад ва ҳасри онон набошад. Расади ахбори муртабит бо раванди сулҳ миёни фаластиниён ва режими саҳюнистӣ нишон медиҳад, ба тозагӣ Миср як пешниҳоди сулҳи ибтидоиро таҳия ва тадвин карда ва дар ихтиёри Исроил, Ҳамос, Иёлоти Муттаҳида ва давлатҳои аврупоӣ қарор додааст.

Баррасии мафодди ин сулҳнома нишон медиҳад, бо воқеиятҳои рӯзи ҷанги Ғазза бисёр фосила дорад ва дар воқеъ аслан посух диҳандаи дағдағаҳои асосии тарафи Фаластин нест; Масоили муҳимме ҳамчун замонати иҷроии ин тавофуқнома, раванди оташбас, сарнавишти зиндониёни фаластинӣ, раванди идораи Ғазза пас аз ҷанг ва ҳамчунин лузуми бозсозии Ғазза ва бозгашти Ғазза ба шароити одӣ ҷузъи мавзӯъоте аст, ки дар ин тарҳи сулҳ ишорае ба онҳо нашудааст.

Албтта ин тарҳ, ки дар идомаи тарҳҳои Амрико мабнӣ бар тарҳи ташкили ду давлатӣ дар Фаластин аст, аз сӯи режими ғосиби саҳюнистӣ низ пазируфта шуда нест; Чаро, ки Нетанёҳу ба далели қабул накардани шикасти худ дар ин ҷанг, доиман хатари мавҷудияти Исроилро матраҳ мекунад ва бинобар ин муддаӣ аст, ки асосан бояд Ҳамос ва Фаластин ба сурати комил нобуд шавад; Аммо намедонад, ки муқовимат ва Фаластин на шахс ё созмон ё ҷуғрофияи вижа, балки як гуфтумон ва андеша аст ва ҳазф шуданӣ нест.

Аммо ба назар мерасад, саранҷоми ин ҷанг ҳарчи, ки бошад, теъдоди усаро ва шуҳадо ва маҷрӯҳин ҳарчиқадр ҳам боло биравад, ҳатто агар арозии ба контрол даромада тавассути фаластиниҳо дубора аз дасташон хориҷ шавад, набояд фаромӯш кард, ки дар амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” Исроил чунон зарбаи сангине хӯрд, ки пинҳон кардани он мумкин нест ва Фаластин чунон ба пирӯзӣ даст ёфт, ки мӯҷиби иззат ва ифтихори Ислом ва навидбахши ояндаи равшан шуд.

Иттифоқоти рӯзҳои ахири Фаластин ба вижа бомбаборонҳо ва шаҳодати занон ва кӯдакон ва мардон, дили инсонро маҷрӯҳ мекунад, аммо бахши дигаре аз ин иттифоқот нишондиҳандаи қудрати бовар накарднии Ислом дар Фаластин ва дар байни мардуми Фаластин аст, ки бо лутф ва инояти Худованди Мутаол ин ҳаракате, ки дар Фаластин оғоз шудааст, ба пеш хоҳад рафт ва мунҷар ба пирӯзии комили фаластиниҳо хоҳад шуд, Иншоаллоҳ.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад