Таъкиди Тоҷикистону Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳои расонаӣ

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳои расонаӣ байни ду кишвар таъкид карданд.

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳои расонаӣ байни ду кишвар таъкид карданд.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон имрӯз бо ҳузур дар маҳалли Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон бо Нуруддин Саид, раиси ин кумита дидор ва гуфтугӯ кард.

Сафири ҶИЭ дар ин дидор аз оғози фаъолияти дафтари намояндагии садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик хабар дод.

Вай бо ишора ба ёддошти тафоҳуми ҳамкории имзошуда байни садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, баён дошт, ки тарафи эронӣ барои иҷроӣ кардани тавофуқҳои суратгирифта, омодагии комил дорад.

Дар ин дидор тарафи Тоҷикистон бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ, забонӣ ва динӣ байни ду кишвар ва ироаи тавзеҳҳое дар бораи имконот ва зарфиятҳои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аз густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои мурбат бо фаъолиятҳои радио ва телевизион байни ду кишвар истиқбол кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад