Манъи густурдани дастархони ифторӣ дар масоҷиди Арабистон

Арабистони Саудӣ дар арафаи моҳи шарифи Рамазон эълон кард, ки дар дохили масоҷиди ин кишвар барпо кардани дастархони ифторӣ мамнӯъ аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, қабл аз моҳи шарифи Рамазон, Арабистон ба далели нигаронӣ аз тозагии дохили масҷид пас аз хӯрдани таом барпо кардани суфраи ифторӣ дар масоҷидро мамнӯъ кард.

Вазорати умури исломӣ, даъват ва ҳидояти ин кишвар дар баёнияе эълом кардааст, ки ба далели мушкилоти тозагӣ ва беҳдоштӣ, барномаи ифторӣ дар дохили масоҷид набояд баргузор шавад.

Дар ин эълон омадааст: Имомони ҷамоат ва муаззинҳо бояд дар саҳни масҷидҳо ҷои муносибе барои ифтор пайдо кунанд ва ба ин ҳадаф утоқ ё хаймаи муваққатӣ сохта нашавад. Вазорат ҳамчунин таъкид кардааст, ки имомхатибони ҷамоат ва муаззинҳои масоҷид набояд аз рӯзадорон барои барномаҳои ифторӣ хайрия ҷамъоварӣ кунанд.

Илова бар ин мамнӯъиятҳо, истифода аз дурбин ва аксбардорӣ дар дохили масҷид низ мамнӯъ буда, пахши намоз дар ҳама гуна расонаҳо, аз ҷумла расонаҳои интернетӣ низ иҷоза нест.

Қобили зикр аст, ки Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ дод, оғози моҳи шарифи Рамазон дар кишвар 11-уми март мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад