Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ

Вазири умури хориҷа ва дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ дидор карда ва чашмандози ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳои маврид алоқаи тарафайнро баррасӣ карданд.

Вазири умури хориҷа ва дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ дидор карда ва чашмандози ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳои маврид алоқаи тарафайнро баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи кишварамон бо Ҳусайн Иброҳим Тоҳо, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ дидор ва гуфтугӯ кард. Дар рафти ин дидор, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ дар тамоми заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн баррасӣ шуд ва иттилооти дақиқе дар бораи рӯйдодҳо ва ҳамоишҳои сатҳи байналмилалие, ки қарор аст имсол дар Тоҷикистон баргузор шавад, ироа шуд.

Тарафайн ҳамчунин дар бораи масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла вазъияти буҳронии Фаластин ва вазъияти инсонӣ дар Афғонистон табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад