Вокуниши Толибон ба дархости Тоҷикистон дар бораи тақвияти амнияти марзӣ бо Афғонистон

Ҳукумати Толибон дар вокуниш ба ироаи пешнависе аз сӯи Тоҷикистон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълом кард, ки амнияти марзӣ миёни Афғонистон ва тамоми кишварҳои ҳаммарз ба вижа Тоҷикистон таъмин аст.

Ба гузориши ТоҷиПресс, пештар Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар Нишасти намояндаҳои Вазорати хонаҳову идороти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар Маскав пешинависеро барои тақвияти амнияти марзии Тоҷикистон ва Афғонистон ироа карда буд, ки бо вокуниши Ҳукумати Толибон рӯбарӯ шудааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон бо баёни ин ки ҳеҷ таҳдиди марзӣ аз хоки Афғонистони мутаваҷҷеҳи кишварҳои ҳамсоя нест, тасреҳ кард: Мо ҳаргиз иҷоза намедиҳем шахс ё гуруҳе аз хоки Афғонистон алайҳи кишваре истифода кунад ва чунин гуруҳҳоеро ҳам дар Афғонистон надорем, ки алайҳи кишваре иқдом кунанд.

Вай гуфт: Бархе изҳори назарҳо аз тарафи Тоҷикистон дар бораи набуди амният дар марз бо Афғонистон дуруст нест ва Ҳукумати Толибон тамоми талошҳои худро барои эҳёи равобити хуб бо тамоми кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон анҷом хоҳад дод то эътимод байни тарафайн барқарор шавад.

Вазорати корҳои хориҷаи кишвар эълом карда буд, ки Душанбе пешнависеро ба СПАД ироа карда, ки дар тақвияти амнияти марзҳои ду кишвар таъсиргузор аст.

Вазорати корҳои хориҷӣ афзуд: Нишасти намояндагони вазоратхонаҳову идороти кишварҳои узви СПАД аз 27-уми феврал то 1-уми март дар Маскав баргузор шуд.

СПАД дар пайи таҳаввулоти ахири Афғонистон чандин размоиш дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор кардааст.

Абдураҳмони Шимол, коршиноси равобити байналмилал ба Тулуниюз гуфт: Бархе ҳамсоягон бахусус Тоҷикистон нигарони он ҳастанд, ки мабодо неруҳои ифротӣ бо тавонмандии бештар битавонанд аз хоки Афғонистон амнияти минтақаро бар ҳам бизананд.

Аҳмадхон Андар, коршиноси равобити байналмилал ҳам гуфт: Дағдағаҳои ҳамсоягон дар ин мавридро метавон аз роҳи таомул ва барқарории нишастҳои мухталиф бо онҳо бартараф ва бо тадобири муштарак алайҳи гуруҳҳои террористӣ ҳал кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад