Гуфтугӯи телефонии Э. Раҳмон бо сарвазири тозаинтихоби Покистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи шарикӣ бо Покистон бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавсеаи шарикӣ бо Покистон бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид кард.

Ба гузориши манбаъ:

Дар пайи ирсоли барқияи шодбошӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири тозаинтихоби Покистон, Шаҳбоз Шариф занг заду табрик намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар оғози суҳбат ба Шариф сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ таманно кард.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд, афзуд манбаъ.

Дар ин зимн ҷараёни устувори рушду тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои шарикии ду давлат бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид гардид, омадааст дар иттилоия.

Раҳмон аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишварро таъкид карда, аз сарвазири Покистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст.

Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, бо гирифтани 201 раъй аз миёни 336 вакил дигарбора сарвазир интихоб шуд. Вай таъкид намудаст, ки муносибот бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Ҳинду Покистонро беҳбуд хоҳад бахшид.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

“Муҳаммадали Ватанзода” муовини аввали парлумони кишварамон Тоҷикистон ва “Муҳаммад Саид” сафири Покистон дар  кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Тайи ин дидор чашмандози густариши равобити дуҷониба ва тақвияти фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ байни парлумони Тоҷикистону Покистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ибрози итминон шуд, ки ба лутфи гуфтугӯҳои мудовим дар сатҳи боло, равобити дуҷониба байни Тоҷикистону Покистон дар ҳамаи ҷиҳот, мӯҳтавои ҷадиде дарёфт ва дар оянда бисёре аз заминаҳои мавриди алоқаи ду тарафро пӯшиш хоҳад дод.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад