Дуди ангишт дар Душанбе 6 узви як хонаводаро ба ҳалокат расонд

Шаби 27 ба 28 феврали соли 2024  6 узви як хонаводаи сокини маҳаллаи “Гранзавод”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз дуди ангишт ба ҳалокат расиданд.

Шаби 27 ба 28 феврали соли 2024  6 узви як хонаводаи сокини маҳаллаи “Гранзавод”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз дуди ангишт ба ҳалокат расиданд.

Ба нақл аз манбаъ: 

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ карда гуфтаанд, 6 узви як оила: падару модар ва 4 фарзани хурдсоли онҳо шаб дар бинои № 284/1 дар маҳаллаи “Гранзавод” заҳролуд шудаанд, вале ҷасадҳои онҳоро ҳамсояҳо соати тақрибан 11-и рӯзи 28 феврал пайдо кардаанд. Маҳаллаи “Гранзавод” дар канораҳои ҷанубии пойтахти Тоҷикистон, дар тарафҳои Гулбутта ҷойгир шудааст.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ки ин оилаи хонаи худро тавассути бухорӣ (печка) гарм мекард ва мутаассифона, шаби 27 ба 28 феврал, вақте ки ҳамаи онҳо хоб буданд, аз бухорӣ дуди карбон хориҷ шуда, сабаби марги ҳамаи 6 бошандаи хона шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, падари хонавода 38 сол, модарашон 37 сол дошта, фарзандони фавтидаи онҳо 11, 9, 8 ва 6-сола буданд.

Рӯзи 28 феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои 6 тобуте нашр шуд, ки дар саҳни як масҷид гузошта шудаанд. Муаллифи видео гуфт, инҳо 6 узви як оила буда, аз дуди ангишт ҷон додаанд.

Марги якбора 6 нафар аз дуди ангишт дар ҳолест, ки рӯзҳои охир бо вуҷуди барфу боришт ва сардии фавқулодда қадами номубораки лимити барқ то ба пойтахт, шаҳри Душанбе низ расид ва бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ширкати “Барқи Тоҷик” ва дигар масъулонро дар марги ин 6 узви як хонавода гунаҳкор мекунанд.

Сокинони Душанбе мегӯянд, лимити барқ зиндагии онҳоро дар биноҳои баландошёна тоқатфарсо карда, хонаҳояшонро амалан ба “яхдони бетонӣ” табдил додааст.

Тоҷикистон, ки президенташ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш аз  поёни даврони лимити барқ ва ба моли таърих табдил ёфтани лимит ҳарф мезаданд, дар фасли сармои имсола ба лимити барои чандин соли охир бесобиқа дар ин кишвар рӯ ба рӯ шуд. Амалан аз поёни моҳи сентябр ба ин тараф аксари минтақаҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 5 ило 6 соат нирӯи барқ мегиранд. Дар аввали ҳафтаи равон мақомот бархе шаҳрҳо низ аз ҷорӣ шудани лимити барқ хабар доданд.

Масъулон чун ҳамеша кам шудани сатҳи об дар обанборҳо, аз ҷумла дар обанбори бузургтарин нирӯгоҳи ҷумҳурӣ, нирӯгоҳи Норакро далели ҷорӣ шудани лимит ном мебаранд. Вале мунтақидон мегӯянд, асли гап дар фурӯши бебаркаши нирӯи барқ ба хориҷ ва асосан ба Афғонистон аст, ки тавассути схемаҳои коррупсионӣ сурат гирифта, ба давлат ягон фоида намеорад, балки ҳамаи пулаш ба кисаи чанд нафар мерезад. Мунтақидон мегӯянд, агар аз ин барқфурӯшиҳо фоидае мешуд, қарзи “Барқи Тоҷик” ба 3 миллиард доллар намерасид.

Чӣ тавр худро аз заҳролудшавӣ муҳофизат кардан мумкин аст?

КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

— бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъҳои зуд оташгиранда наафрӯзед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

— ҳаргиз ҳезум ва дигар маводҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

— ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

— ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд.

Ёрии аввалин барои заҳролудшавӣ:

— Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред.

— Бартараф кардани ҷараёни оксиди карбон. Ҳавои ҳуҷраро тоза кунед, дару тирезаҳоро кушоед ва ҳуҷраро тарк кунед.

— Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред ва нафаскашии кӯтоҳмуддатро таъмин кунед, баданро молед.

— Мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед

— Агар ҷабрдида беҳуш бошад, нафаскашии сунъиро фавран то омадани ёрии таъҷилӣ оғоз кардан лозим аст.

— Агар шумо ба заҳролудшавӣ аз оксиди карбон гумон кунед, ба духтури таъҷилӣ хабар диҳед. Агар ҷабрдида аз гази карбон ба худ омада, вале муддати тӯлонӣ беҳуш бошад, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол дода, табобат карда шавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад