Болоравии қурби Рубл ва арзон шудани доллару евро дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули Русияро дар қаламрави ҷумҳуриявӣ боло бурда, арзиши доллари амрикоӣ ва асъори аврупоиро нисбатан арзон муқаррар кардаст.

Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули Русияро дар қаламрави ҷумҳуриявӣ боло бурда, арзиши доллари амрикоӣ ва асъори аврупоиро нисбатан арзон муқаррар кардаст.

Ба гузориши манбаъ:

Қурби ҳазор рубли русӣ дар бозори арзии Тоҷикистон 119 сомонӣ муқаррар шудааст, ки нисбати рӯзи қабл каме афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри нархномаҳои асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ иттилоъ додаст.

Ба иттилои манбаъ, асъори калидии ғарбӣ поин рафта, нархи 1 евро – 11. 8958 сомонӣ ва доллар 1 доллари ИМА – 10.9578 сомонӣ муқаррар шудаст.

Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои доллари ИМА аз 10.9578 то 10.9800 сомонӣ, евро аз 11.8958 то 12.05 сомонӣ ва ҳазор рубли русӣ аз 119 то 121 сомонӣ арзёбӣ гардидаст.

Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.

Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва музди меҳнатро бо рубл мегиранду ба Ватан мефиристанд ва хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.

БМТ огоҳ кардааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ – сомонӣ устувории худро тадриҷан аз даст медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.

Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафта, то 119,5 сомонӣ барои 1000 рубл расид.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 121,4 ва дар оғози сол то 123 сомонӣ қимат дошт.

Қурби доллар чанд рӯз боз тамоюли болоравиро нишон медиҳад. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро метавон ба 10,9620 сомонӣ ва ҳоло 10,9630 сомонӣ харид.

Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.9760 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 12.0450 сомонӣ қимат дошт.

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.

Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9630 то 11 сомонӣ, 1 евро аз 11.9760 то 12.1 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 119,5 то 120,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.

Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад