Худсӯзии сарбози амрикоӣ ба нишонаи ҳимоят аз Ғазза

Як сарбози неруи ҳавоии Амрико дар муқобили сафорати Исроил дар Вашингтон дар мухолифат бо наслкушӣ дар Ғазза худсӯзӣ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Аарон Бушнелл, афсари 25-солаи неруи ҳавоии Амрико барои ҳимоят аз Ғазза дар муқобили сафорати Исроил дар Вашингтон худашро оташ зад.

Дар аксҳое, ки дар бораи ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки Бушнел дар тан либоси низомӣ дошт ва гуфтааст: Ман дигар дар наслкушӣ ширкат намекунам.

Бушнел ҳангоми сайру гашт дар назди сафорати Исроил дар Вошингтон гуфт: “Ҳоло ман як эътирози хеле хушунатбор хоҳам кард, аммо бо таваҷҷуҳ ба зулме, ки фаластиниён аз дасти Исроил таҳаммул мекунанд, амали ман кори бузурге нест.”

Вай бо овози баланд фарёд мезад “Озодӣ барои Фаластин” ва пас аз он бензинро ба бадани худ рехст.

Тибқи гузоришҳо, ин амали худсӯзӣ дар ҳимоят аз Ғазза дар соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад