Даври тозаи додгоҳи Гаага чигуна гузашт?

Олитарин марҷаи қазоии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзи душнба расидагӣ ба ҷаласаҳои истимоъ дар бораи ишғолгари Исроил дар арозии Фаластинро оғоз кардааст.

Олитарин марҷаи қазоии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзи душнба расидагӣ ба ҷаласаҳои истимоъ дар бораи ишғолгари Исроил дар арозии Фаластинро оғоз кардааст.

Олитарин марҷаи қазоии Созмони Милали Муттаҳид, ҷаласаҳои истимоъ барои расидагӣ ба беш аз 6 даҳа ишғолгарии Исроил дар арозии Фаластиниро дар авҷи замони ҷанги ахири Ғазза оғоз кардааст.

Ҷаласаҳои истимои 6-рӯза дар девони байналмилалии додгустарии мустақар дар Гаага то рӯзи 26 феврал ба тӯл хоҳад анҷомид. Интизор меравад намояндагон беш аз 50 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ назарҳои худро дар ин ҷаласаҳо матраҳ кунанд.

Бо онки ин ҷаласҳо дар ҳайни ҷанги Ғазза баргузор мешаванд иртиботе ба он надоранд. Ин ҷаласҳо натиҷаи қатъномае аст, ки рӯзи 30 декабри 2022 дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расида ва аз додгоҳи Гаага хоста назари машваратии худро дар хусуси масъалаи ишғолгарии Исроил эълон кунад.

 Қатар: ишғолгарии Исроил бояд поён ёбад

Намоянда Қатар дар девони байналмилалии додгустарӣ дар Гаага бо ишора ба инки ишғолгарии Исроил бояд поён ёбд, гуфт: қавонини байналмилалӣ бояд барои ҳамаи аъмол шавад ва мо стандартҳои дугонаро рад мекунем. Густариши шаҳракҳои Исроил пас аз ишғоли сарзаминҳои фаластинӣ дар соли 1967 оғоз шуд.

Намояндаи Қатар бо таъкид бар инки шароит ва авзоъ дар Каронаи Бохтарӣ камтар аз вазъияти Навори Ғазза нест, идома дод: аз додгоҳ хоста мешавад, то қавонини байналмилалиро дар мавриди ҳар ончи қабл аз 7 октябр рӯй дода, эъмол кунад. Исроил ба шакли бесобиқа сокинони Каронаи Бохтариро муҳосира кардааст.

Намояндаи Қатар афзуд: аз тамоми далелҳои мустанад мабнӣ бар ғайри қонунӣ будани ишғолгарии Исроил, ҳимоят мекунем. Талафот ва қурбониёни ғайри низомиёни аҳдофи тасодуфӣ нестанд, балки ҷуз аҳдоф (мустақим) нерӯҳои исроилӣ ҳастанд. Исроил аз ҳавопаймо ва мушак дар ҳадаф қарор додани фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ истифода мекунад.

Намояндаи Қатар бо ишора ба инки ишғолгарии Исроил як системаи истеъмории ғайри қонунӣ аст, гуфт: ин ишғоли ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластинро нақз мекунад.

 Уммон: ҳеҷ тавҷеҳи қонунӣ барои идомаи ишғолгарии Исроил вуҷуд надорад

Намояндаи Уммон дар нишасте бо таъкид бар инки ҳеҷ тавҷеҳи қонунӣ барои идомаи ишғолгарӣ ва инкор ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниён вуҷуд надорад, гуфт: кӯчи иҷбории фаластинён ва интиқоли шаҳракнишинон саҳюнист ба арозии ишғолӣ бар асоси паймони Женева мамнуъ аст. Ҳадаф аз шаҳраксозӣ, илҳоқи заминҳои фаластинӣ ва кӯчондани фаластинён тӯлонӣ кардани ишғолгарӣ аст. Ҷаҳони имрӯз шоҳиди яке аз фаҷеътарин ҷиноятҳо дар ҳаққи сокинони Навори Ғазза аст.

Намояндаи Уммон дар девони байналмилалии додгустарӣ дар ин нишаст афзуд: фаластиниҳо 75 сол аст таҳти ишғолгарӣ, саркӯб ва таҳқири рӯзонаи зиндагӣ мекунанд. Режими ишғолгар дар ҳоли тағйири бофти ҷамъиятӣ заминҳои ишғолӣ аст. Исроил бояд аз иқдомоте, ки сабаби поймол шудани ҳаққи таъйини сарнавишти фаластиниҳо мешавад, даст бикашад. Иҷмои байналмилалӣ дар мавриди ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластин вуҷуд дорад. Хостори бознигарӣ дар нақзи ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластин аз сӯи Исроил ҳастем.

 Намояндаи Индонезия: Исроил дар ҳоли нақзи фоҳиши қавонини байналмилал аст

Вазири хориҷаи Индонезия низ дар девони байналмилалии додгустарӣ гуфт, ки ҷаласаи гурӯҳи 20-ро тарк карда то шахсан дар ҷаласаи ин додгоҳ барои расидагӣ ба табаоти ишғоли арозии Фаластин тавассути Исроил ширкат кунад. Ман муқобили шумо истодаам, то аз адолат дар баробари нақзи фоҳиши қавонини байналмилалӣ, ки Исроил дар ҳоли иртикоби он аст ҳимоят кунам.

Вазири хориҷаи Индонезия бо таъкид бар инки ишғолгарии ғайри қонунии Исроил ва ҷиноятҳои ин режим набояд оддисозӣ шаванд, гуфт: ҳеҷ кишваре набояд дар анҷоми ҳар коре дар баробари кишварҳои заифтар осудахотир бошад. Қавонини байналмилал барои ҳамин аст.

 Намояндаи Норвегия: ишғолгарии Исроил монеи сулҳ мондагор дар минтақа аст

Намояндаи Норвегия низ дар додгоҳи Гаага гуфт: шаҳраксозиҳои Исроил дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси шарқи монее асли бар сарироҳ ҳар гуна сулҳ мондагор дар минтақа аст. Девони байналмилалии додгустарӣ дар назари машваратии худ дар соли 2004 эҳдос девор дар дохили Қудси шарқи ишғолӣ ва атрофи онро ноқизи қавонини байналмилалӣ ташхис додааст.

Намояндаи Норвегия афзуд: арзёбии қатъномаҳои мутааддид байнулмилалӣ ҳокӣ аз он аст, ки шаҳраксозиҳо нақзи фоҳиши қавонини байналмилал маҳсуб мешаванд. Таҳаввулоти майдонӣ ин саволро пеш мекашанд, ки оё ишғоли арозии фаластинӣ ба навъе сиёсати ғайри расмӣ барои илҳоқи ин арозӣ табдил нашудааст?

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад