Даргузашти Давлатманд Холов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар 74 солагӣ

Ҷанозаи ҳунарманди маҳбуб рӯзи 19-уми феврал пас аз намози пешин дар масҷиди ба номи Имом Тирмизии пойтахт баргузор гардид.

Ҷанозаи ҳунарманди маҳбуб рӯзи 19-уми феврал пас аз намози пешин дар масҷиди ба номи Имом Тирмизии пойтахт баргузор гардид.

Ба гузориши  манбаъ:

Давлатманд Холов, ҳунарманди шинохта ва муъруфи тоҷик даргузашт.

Ӯ 74 сол дошт ва шаби 18 феврал аз олам рафт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳунарманд тайи чанд муддати охир дар бистари беморӣ буд.

Қаблан хабарҳо шуда буд, ки ӯро барои табобат ба Маскав бурдаанд, аммо ба иттилои наздикон аз он ҷой баргаштаву дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дар як паём ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар паёми таслияӣ омадааст:

“Бинобар даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, оҳангсоз ва фалаксарои маҳбуби тоҷик Давлатманд Холов изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонам”.

Гуфта мешавад, ки маросими видоъ бо ҳунарманд дар манзилаш ва намози ҷанозаи ӯ дар собиқ масҷиди марказӣ доир мешавад.

Давлатманди Хол 26 уми октябри соли 1950 дар деҳаи Доғистони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин)-и вилояти Хатлон дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст.

Мавсуф дорандаи унвонҳои Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Орденҳои “Шараф”, “Дӯстӣ” буд.

Холов аз соли 2004 ҳудуди 20 сол аз замони таъсиси ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон онро раҳбарӣ мекард.

Ӯ сабки хоси сурудхонӣ дошт, ки дар дили ҳаводорон бо ҳамон усул ҷо шуда буд.

Рӯзноманигор Одили Нозир навиштааст, ки Даргузашти Давлатманд Холов бешак талафоти бузурге барои санъати тоҷик аст.

Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст:

“Ӯ нафаре буд, ки бонги Фалакро ба фалак расонид ва ҷуғрофиёи алоқамандони онро бамаротиб васеъ кард. Суруди ӯ “Шоҳнома Ватан аст” (шеъри Гулрухсор) гимни ғайрирасмӣ, вале ба қалбҳо пазируфташудаи форсизабонони ҷаҳон аст”.

Нависандаи саршиноси кишвар Абдулҳамид Самад низ бо изҳори тассуф даргузашти ҳунарманд талафоти бузург хондааст.

Вай навиштааст:

“Ман ба Давлатманд ҳамеша Бузург муроҷиат мекардам. Ӯ ноҳинҷор табассум мекард ва “эй ака…” мегуфт… Давлатманд дар ҳунар, санъати овозхонӣ, шаҳдкашии фавқулодаи овоз бузург буду нотакрор ва ҳамеша ҳамин хел ҷовидон мемонад”.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад