Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Тамим амири Қатар

Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Тамим бен Ҳамад оли Сони амири Қатари дидору гуфтугу карданд.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар чорчуби сафари кори ба кишвари Қатар бо шайх Тамим бен Ҳамад оли Сонӣ амири ин кишвари дидору гуфтугу намуд.

Дар ин дидор ки дар ҳошияи ҷашнвораи саворкории ҷоми амири Қатар баргузор шуд мавзуъоти муртабит бо равобити дустона ва рушди ҳамкориҳои чанд ҷонибаи байни ду кишвари дуст мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Раисиҷумҳури кишвар баргузарии муваффақи финали мусобиқоти фистевали саворкориро ба амири Қатар табрик гуфт ва аз даъват ва пазирои гарми вай ташаккур кард. Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатари қаҳрамонии тими миллии кишвараш дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиёро табрик гуфт ва аз истиқболи шоистаи тими миллии Тоҷикистон дар ин рақобатҳо қадрдони кард.

Амири Қатар низ ба навбаи худ вуруди Тоҷикистон ба ҷамъи ҳашт тими бартари футболи Осиёро дастовардӣ ифтихоромез хонд ва ин натиҷаи олиро ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Дар ин гуфтугуи тарафайн бар тақвияти равобити ду кишвар дар заминаҳои мавриди алоқа таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти тарафи муқобил дар ҷазби сармоягузории мустақим дар бахши энергетика, маъдан ва ба вижаи кишоварзӣ ишора кард. Дар ҳамин росто дар хусуси тавофуқоти ахири сафари расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Қатар ва раванди иҷрои онҳо табодули назар шуд.

Тарафайн аз оғози фаъолияти амалии коргуруҳҳои муштарак барои иҷрои тавофуқот дар болотарин сатҳ истиқбол карданд.

Сарони ду кишвари дӯст ҳамчунин дар бораи теъдоди аз масоили минтақаӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи ду тараф табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад