26 кишвари аврупоӣ хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза ҳастанд

Ҷозеф Баррел,  масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард, ки 26 кишвари узви ин Иттиҳодия хостори оташбаси фаврии инсонӣ дар Навори Ғазза ҳастанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Ҷозеф Баррел” дар нишасти рӯзи душанбе бо хабарнигорон аз баёнияи кишварҳои узви Иттиҳодия дар бораи таваққуфи муваққати ҷанг дар Ғазза хабар дод.

Дар ин баёния, ки ба ғайр аз як кишвари (Венгрия), мавриди ҳимояти тамоми аъзо қарор гирифтааст аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ хоста шуда, ки ба шаҳри марзии Рафаҳ ҳамла накунад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте бо ишора ба баёнияи 26 кишвари узви Иттиҳодия дар ҳимоят аз таваққуфи ҷанги Ғазза мунташир шуд, эълом кард, ки Иттиҳодияи Аврупо қудрате барои маҳори Телавив надорад, аммо ба фишори дипломатик дар ин замина идома хоҳад дод.

Ҷозеф Баррел дар поёни нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ва дар посух ба пурсиши хабарнигоре, ки дар бораи иқдоми баъдии Иттиҳодияи Аврупо дар сурати ҳамлаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Рафаҳ пурсид, гуфт: мо барои мутаваққиф кардани онҳо қудрате надорем, аммо метавонем фишори дипломатик эъмол кунем то мутмаин шавем, ки табаоти инсонии чунин иқдоме барҷаста шавад.

Вай ёдовар шуд: ҳазинаи инсонии чунин иқдоме (ҳамла ба Рафаҳ) иҷтиноб нопазир аст; Миллионҳо нафар бехонумон ҳастанд ва ҳарчиқадр (дар амалиёти низомӣ) мулоҳиза шавад табаоти инсонӣ иҷтиноб нопазир аст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо сипас ба тафовут миёни ҷанги Ғазза бо соири набардҳо пардохт ва гуфт: дар соири ҷангҳо ғайринизомиён метавонанд фирор кунанд, аммо дар Ғазза роҳе барои гурез надоранд.

Вай идома дод: вақте ҷанг мешавад Салиби Сурх ва соири ниҳодҳои башардӯстона ба кумаки ғайринизомиён меоянд, аммо шароит дар Ғазза мутафовит аст. Кумакҳо қатрачаконӣ ворид мешавад ва бо ниёзи мардум созгор нест лизо онҳо на метавонанд фирор кунанд ва на кумакҳои имдодӣ ба онҳо мерасад.

Ҷозеф Баррел, дар бахши дигаре аз нишаст бо хабарнигорон аз баёнияи кишварҳои узви Иттиҳодия дар бораи таваққуфи муваққати ҷанг дар Ғазза хабар дод. Дар ин баёния, ки ба ғайр аз як кишвари (Венгрия), мавриди ҳимояти тамоми аъзо қарор гирифтааст аз режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ хоста шуда, ки ба шаҳри марзии Рафаҳ ҳамла накунад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо номе аз кишвари мухолифи баёния набурд, аммо гуфт, ки дар баёнияи ёдшуда, бар лузуми таваққуфи муваққати даргириҳо ба наҳве, ки мунҷар ба оташбаси пойдор, озодии усаро ва интиқоли кумакҳои башардӯстона ба дохили Ғазза шавад, таъкид шудааст.

Вай афзуд, ки вазирони хориҷа ҳамчунин бар лузуми риояти қавонини башардӯстона ва дастуроти девони байналмилалии додгустарӣ таъкид ва ёдовар шуданд, ки пойбандӣ ба ҳукми додгоҳ илзомовар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад