ДИИШ, Толибонро таҳдид кард

Гуруҳи террористии ДИИШ бо интишори наворе Толибони Афғонистонро таҳдид ба ҳамлаи террористӣ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, бахши расонаии “Шохаи Хуросон”-и гуруҳи террористии ДИИШ навореро бо унвони “бо ҳама мушрикон биҷангед” нашр кард ва дар он ба таҳдиди Толибон ва Афғонистон пардохт.

ДИИШ дар ин видео Толибон ва Афғонистонро ба анҷоми ҳамалоти террористӣ таҳдид кардааст.

Дар ин видео ҳамчунин тасовире аз ҳамалоти террористӣ ва интиҳорӣ алайҳи афроди вобаста ба Толибон ва манотиқи мухталифи Афғонистон нашр шудааст.

ДИИШ ҳамчунин дар ин видео барои таҳрик алайҳи Толибон изҳороти мақомоти ин гуруҳ алайҳи ДИИШ-ро гунҷондааст.

Дар видеои нашршуда ҳамчунин неруҳо ва афроди вобаста ба Толибон “мушрик” хитоб шуда ва равобити Толибон бо кишварҳое монанди Ҳинд мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Шохаи Хуросони ДИИШ гуруҳест муташаккил аз аносири террористии афғонистонӣ ва покистонӣ, ки 26 январи 2015 расман тавассути гуруҳи ДИИШ ташкил шуд. Тамаркузи ин гуруҳ бар манотиқи суннинишини кишвари Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ҳиндаст.

Толибон аз ин гуруҳ ба номи “Хавориҷ” ёд мекунад ва мегӯяд, ки решаҳои онро аз байн бурдааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад