Режими саҳюнистӣ тақрибан ҳар рӯз як хабарнигори фаластиниро шаҳид кардааст

То рӯзи 135 ҷуми ҷанги режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза, ҳадди ақал 130 хабарнигор ба шаҳодат расидааст.

Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоъ расонии Фаластин, ҳадди ақал 130 хабарнигор то рӯзи 135 ҷуми ҷанги режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза ба шаҳодат расидааст.

Бароин асос метавон гуфт, ки режими ҷинояткор ва хуношоми саҳюнистӣ тақрибан ҳар рӯз як хабарнигори фаластиниро шаҳид кардааст.

Рӯзи гузашта низ, «Ашраф Ал-Қадура», сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза эълом кард: ишғолгарон монеи расидани корвони кумакҳои ирсолии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба бемористони Носир мешаванд.

Вай афзуд: 120 бемор ва беш аз 100 овора ва кодри дармонӣ бидуни ғизо ва барқ дар бемористони Носир ҳастанд. Ҳафт бемор дар бахши муроқибатҳои вижаи бемористони Носир бидуни оксиген дар маърази марг қарор доранд.

Сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза баён кард: бемористонҳои шимоли Ғазза бидуни сӯхт ҳастанд ва имкони хадамот расонӣ надоранд.

Вай пеш аз ин ҳам эълом карда буд, ки танҳо чаҳор нафар аз афроди кодри пизишкӣ ба беморони бемористони Носир хадамот ироа мекунанд.

Вай афзуд: аз корафтодани бемористони Носир, ба маънои куштори садҳо ҳазор нафар аз ғайри низомиён ва оворагони минтақаи Хон Юнус ва Рафаҳ аст чаро, ки ин бемористон яке аз муҳимтарин бемористонҳо барои ироаи хадамоти пизишкӣ дармонӣ дар ҷануби Навори Ғазза ба шумор меояд.

Гуфтнӣ аст, ки гурӯҳҳои муқовимати исломии Фаластин ҳафтуми октябр 2023, амалиёти ғофилгиркунандае бо номи “Тӯфони Ал-Ақсо”-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил оғоз карданд, ки саранҷом пас аз 45 рӯз набард ва даргирӣ, 24 ноябр 2023, миёни Исроил ва муқовимати исломии Ҳамос оташ баси муваққати чаҳор рӯза ё ҳамон вақфае барои табодули асирон миёни муқовимати исломии Ҳамос ва режими ҷинояткори Исроил барқарор шуд.

Ин вақфа дар ҷанг, ҳафт рӯз идома ёфт ва саранҷом субҳи ҷумъа аввали декабри 2023, оташбаси муваққат ба поён расид ва режими палид ва ҷинояткори Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро аз саргирифт. Ин режими кӯдаккуш барои талофии ҳамалоти ғофилгиркунандаи “Тӯфони Ал-Ақсо” ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад