Сабаби исрори Нетаняҳу ба густариши ҷанг ба тарафи Рафаҳ

Ҳамлаи артиши Телавив ба Рафаҳ, парвандаи оташбас ва тарҳи пешниҳодии машҳур ба Парижро, то мизони зиёде бойгонӣ хоҳад кард.

Ҳамлаи артиши Телавив ба Рафаҳ, парвандаи оташбас ва тарҳи пешниҳодии машҳур ба Парижро, ки аз сӯи аврупоиҳо ва амрикоиҳо пешниҳод шудааст, то мизони зиёде (ҳаддиақал барои як моҳ) бойгонӣ хоҳад кард.

Нетаняҳу ахиран бо Байден 45 дақиқа ба сурати телефонӣ гуфтугӯ кард. Бар асоси гузориши расонаҳо бештари гуфтугӯ бо меҳварияти ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ, ҷанубитарин шаҳри Навори Ғазза, ки акнун беш аз яку ним миллион нафар аз аҳолии Ғаззаро дар худ ҷой дода, будааст. Аммо ба рағми мухолифатҳо дар Амрико, Аврупо, бархе кишварҳои арабӣ ва ҳатто масъулони низомӣ ва амниятии Телавив, Нетаняҳу исрори зиёде бар оғози набард дар Рафаҳ дорад. Далели исрори Нетаняҳу  чист?

Ҳамла ба Рафаҳ, такмили проекти калони «иҷтимоизудоӣ аз муқовимат» ва «сарзамини сӯхтаи Навори Ғазза»

Шаҳиду мфқуд шудани беш аз 35 ҳазор нафар дар канори ҳаҷми тахриби густардаи шаҳрҳои аслии Навори Ғазза, сабаб шуда бахши зиёде аз ҷамъияти 2.3 миллионии ин минтақа чорае ҷуз таҷаммӯъ ва оворагӣ дар Рафаҳ надошта бошанд. Бар асоси омор, акнун беш аз яку ним миллион нафар дар Рафаҳ мустақар ҳастанд, ки бахши зиёде аз онҳо дар чодарҳо зиндагӣ мекунанд.

Калонпроекти режими саҳюнистӣ, ки борҳо ҳам сароҳатан аз забони тундравҳои ин режим шунида шуда, фурӯпошии иҷтимоӣ ва ғайримумкин кардани зиндагӣ дар Навори Ғазза бо равиши сарзамини сӯхта ва ҳаҷми тахриби зерсохтҳо аст. Бар асоси омори саҳюнистҳо, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаи 12-и ибрӣ мунташир шуд, арзёбии тасовири моҳвораӣ аз ҳаҷми тахриби манозил ва биноҳои маскунӣ ва идорӣ ба тафкики 5 устон нишон медиҳад, ки устонҳои шимолии Ғазза 72 дарсад, устони марказӣ 39 дарсад, устони Хон Юнус 46 дарсад ва устони Рафаҳ 20 дарсад комилан тхриб шудаанд. Оморе, ки нишон аз фосилаи вазъияти Рафаҳ бо дигар манотиқи Навори Ғазза аст.

Нетаняҳу ва вазъияти кобинаи тундрави вай сареҳан борҳо таъкид кардаанд, ки адами ҳамла ба Рафаҳро нокомии комили Телавив дар ҷанг медонанд, зеро адами ҳамла ба Рафаҳ ҷудо аз аҳамияти сиёсӣ ва низомии онки дар бахшҳои баъдӣ ишора хоҳем кард, калонпроекти нобудии зерсохти Навори Ғазза ва дар ниҳоят кӯчи иҷбории фаластиниҳоро ниматамом хоҳад гузошт. Дуруст аст, ки миллати Фаластин то кунун дар як истиқомати устураӣ дар Навори Ғазза монда, аммо дар сурати ҳамлаи ҳамаҷониба ба Рафаҳ мондагорӣ дар Навор Ғазза ва тадовуми зиндагӣ бо саволҳои зиёде рӯбарӯ хоҳад шуд. Онгоҳ кӯчи иҷборӣ ҳатто дар сурати баста будани марз аз сӯи мисриҳо қобили мумонаат ва ҷилавгирӣ нахоҳад буд.

Имтиёзи сиёсӣ ва дастовардсозӣ пеш аз поёни ҷанг

Аммо ҳадафи дувум ва муҳими Нетаняҳу аз ҳамла ба Рафаҳ, дастовардсозӣ аз 4 моҳи ҷанг аст. Мақомоти низомии Телавив ингуна барои ҷомеаи саҳюнистӣ ривоят кардаанд, ки танҳо чанд типи низомии Ҳамос дар Рафаҳ то нобудии комил фосила доранд. Озодии ду асири саҳюнистӣ дар Рафаҳ пас аз гуфтугӯи телефонии Нетаняҳу бо Байден, дастоварди муҳиме аст, ки метавонад мухолифони Нетаняҳуро дар мавзеи заъф қарор диҳад.

Нетаняҳу ва ҳатто тими кобинаи ҷангии ҳамроҳи Ӯ (ба вижа Галант, вазири ҷанг) борҳо таъкид кардаанд, ки аз масири ҷанг метавонанд ба озодии асирон ва нобудии сарони Ҳамос ва тавони низомии Қассом бирасанд. Иттифоқи озодии ду асир пас аз ҳамалоти шадиди ҳавоӣ ба Рафаҳ, ки сабаби шаҳодати беш аз 100 фаластинӣ ҳам шуд, Нетаняҳуро барои исрор бар ҳамла ба Рафаҳ ҷиддитар хоҳад кард.

Мухолифатҳои ҷаҳонӣ аз Байден гирифта, то кишварҳои арабӣ ва ба вижа Миср, яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар масири ҳамла ба Рафаҳ буд, бинобарин, пас аз амалиёти озодсозии асирон, хатти ривояти расонаҳои наздик ба Нетаняҳу бар рӯи гуфтугӯи телефонӣ бо Байден ва ҳамоҳангӣ бо Амрико қарор гирифт. Ин расонаҳо таъкид карданд, ки амалиёти озодсозии асирон аз Рафаҳ аз чанд рӯзи пеш барномарезӣ шуда буд ва ахиран анҷом шуд ва Нетаняҳу, раисҷумҳур Байденро аз ин амалиёт огоҳ кард.

Албатта ногуфта намонад, ки ба рағми аввалин муваффақияти озодии асирон, кумитаи пайгирии асирони режими саҳюнистӣ дар баёнияе таъкид кард, ки замон барои бақияи асирон рӯ ба тамом шудан аст ва бояд бисёр зуд ба як тавофуқ барои мубодила расид.

Ҷамъбандӣ

Бо иттифоқи шабҳои гузашта ва озодии муваффақи зиндаи 2 асир барои нахустин бор он ҳам дар Рафаҳ, метавон гуфт эҳтимоли ҳамла ба ҷанубитарин шаҳри Навори Ғазза аз ҳар замоне бештар шуда ва монеаҳои пеши рӯи Нетаняҳу барои ин иқдом камрангтар шудааст.

Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳамлаи артиши Телавив ба Рафаҳ, парвандаи оташбас ва тарҳи пешниҳодии машҳур ба Парижро, ки аз сӯи аврупоиҳо ва амрикоиҳо пешниҳод шудааст, то мизони зиёде (ҳаддиақал барои як моҳ) бойгонӣ хоҳад кард. Дар ҳақиқат метавон ҳамла ба Рафаҳро интихоби идомаи ҷанг то ҳаддиақал ду моҳи дигар аз сӯи саҳюнистҳо донист.

Зимнан бояд ба ин масъала ҳам диққат дошт, ки шароити инсонӣ дар Навори Ғазза рӯз ба рӯз буҳронитар мешавад ва ҳамла ба Рафаҳ ин шароитро ба марҳалаи инфиҷори воқеӣ наздиктар мекунад; Инфиҷоре, ки муқовиматро метавонад бо чолишҳое рӯбарӯ созад. Агар то ду ҳафтаи оянда оташбас анҷом нашавад, ҳамла ба Рафаҳ иттифоқ хоҳад афтод ва муодилаҳои Тӯфони Ақсоро вориди марҳилаи ҷадиде хоҳад кард. Акнун набарди Ғазза ба соатҳои сарнавиштсози худ наздиктар шуда ва бояд дид чигуна пеш хоҳад рафт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад