Ҷопон ҳазинаи мудирияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таъмин мекунад

Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон эълом кард, давлати Ҷопон буҷети лоиҳаи “Мудирияти марз”-и Тоҷикистон бо Афғонистонро таъмин мекунад.

Бар гузориши хабаргузории ТоҷикПресс, барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон эълом кард, давлати Ҷопон аз тариқи Ожонси ҳамкории байналмилалии худ лоиҳаи “Мудирияти марз”-и Тоҷикистон бо Афғонистонро таъмин хоҳад кард.

Рӯзномаи “The Times of Central Asia” гузориш дод ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва тасҳили тиҷорати фаромарзӣ аз аҳдофи ин лоиҳа баён шудааст.

Тибқи ин гузориш, лоиҳаи “Мудирияти марз” дар авоили соли 2015 роҳандозӣ шуда буд ва то соли 2025 идома хоҳад дошт.

Аз замони оғози ин лоиҳа, токунун ду тараф як посгоҳи бозрасии марзии ҷадид дар “Лангар” сохтаанду истҳои бозрасии қадимӣ дар “Хамругӣ ва Шогун”-ро низ муҷаҳҳаз кардаанд.

Такаши Окада, сафири Ҷопон дар Кобул пеш аз ин дар дидори хайрухуш бо Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷа Толибон гуфта буд: Дар сурати ироаи ҳукуматдории беҳтар дар Афғонистон, фурсати таҳаққуқи сулҳу осоиштагӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Бар асоси иттилоияи нашр шуда тавассути сафорати Ҷопон дар Кобул, Окада таъкид карда буд: Бо таҳаққуқи ҳукуматдории беҳтар, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ метавонад ҳамкориҳои худро бо Афғонистон густариш диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад