Изъони Созмони Миллал бар нақши созандаи Эрон дар таҳаввулоти ғарби Осиё

Дабири кули Созмони Миллал бо ибрози нигаронӣ аз густариши танишҳо дар ғарби Осиё, нақши Эронро дар таҳаввулоти минтақаӣ созанда ва дар ростои барқарории субот ва амният донист.

Дар пайи нигарониҳо дар заминаи афзоиши танишҳо дар минтақа пас аз ташдиди ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва ҳимояти Амрико аз Тел-Авив , “ Антонио Гутерриш“ Дабири кули Созмони Миллал рӯзи панҷшанбе дар нишаст бо хабарнигорон гуфт, бо тавваҷуҳ ба «нақши созандаи» Эрон дар таҳаввулоти минтақа, аз Теҳрон мехоҳеми тамоми талоши худро барои ҷилавгирӣ аз густариши танишҳо дар минтақа анҷом диҳад.

Гутерриш таъкид кард, ки ҳамаи мо бояд тамоми талоши худро барои эҷоди субот ва коҳиши таниш дар минтақа ва дарёи Сурх, анҷоми диҳем. Дар посух ба тавсеа талабиҳои режими саҳюнистӣ, гуруҳҳои муқовимати Фаластин 7 октябри 2023, амалиёти ғофилгиркунандаеро аз Ғаззаи алайҳи мавозиъи Исроил оғоз карданд ки саранҷом пас аз 45 рӯзи даргирӣ, 24 ноябри 2023, миёни дутараф оташбаси муваққат бо ҳадафи табодули усаро барқарор шуд. Ин вақфа дар ҷанг, 7 рӯз идома ёфт ва саранҷом бо поёни оташбас дар аввали декабри 2023 Исроил ҳамалоти худ ба Ғаззаро бо шиддати бештаре аз сар гирифт. Дабири кули Cозмони миллал бо ибрози нигаронӣ аз густариши танишҳо дар ғарби Осиё, нақши Эронро дар таҳаввулоти минтақаӣ созанда ва дар ростои барқарории сабот ва амният донист. Аз ҳафтуми октябр то кунӯн ҳудӯди 28 ҳазор фаластинӣ дар ҳамалоти артиши асроиил ба Ғазза ба шаҳодат расидаанд. Бо ташдиди ҳамалоти саҳюнистҳо ва ҳимояти Амрико аз ҷиноёти ин режим , гурӯҳҳои муқовимат дар Лубнон, Ироқ, Сурия ва Яман низ дар ҳимоят аз мардуму муқовимати Фаластин, пойгоҳҳои режими саҳюнистӣ ва Амрикоро дар Ироқ ва Сурия ва сипас дар дарёи Сурх ҳадафи ҳамалоти паҳподӣ, ракетӣ ва мушакӣ қарор доданд.

Гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа мегӯянд модомеки саҳюнистҳо ба ҳамалоти ваҳшиёнаи худ ба ғайринизомиёни фаластинӣ идома медиҳанд, онҳо низ манофе ва мавозиъи саҳюнистҳо ва ҳомиёни онро омоҷи ҳамалоти худ қарор хоҳанд дод. Ба ҳамин далел ташдиди ҷангафрӯзӣ ва мухолифати саҳюнистҳо бо оташбас ва ба дунболи он ташдиди танишҳо дар минтақа ба вижа дарёи Сурх ва ба хатар афтодани суботи минтақа ва ихтилол дар тиҷорати байналмилалӣ нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вижа шахси Дабири кули Созмони Миллалро ба ҳамроҳ доштааст. Дар ҳамин росто Гутерреш Дабири кули Созмони Миллал дар охарин изҳори назари худ бо ибрози нигаронӣ дар бораи хатари густариши буҳрон дар минтақа аз Теҳрони хоста то бо ифои нақши созандаи худ, дар заминаи барқарории субот дар минтақа талошҳои худро музоъаф кунад.

Ин дарҳолt аст, ки Эрон аз замони оғози даргириҳо, борҳои хостори барқарории оташбасу ва таваққуфи ғайри низомиёни фаластинӣ шудааст. Дар муқобил режими саҳюнистӣ на танҳо ба дархостҳо барои таваққуфи ҷанг эътиное надошта балки ҳамаи пешниҳодҳо ҳатто бо пешниҳоди наздиктарин ҳомиёни худ яъне Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо барои таваққуфи ҷанг мухолифат кардааст. Дар воқеъ то замоне ки саҳюнистҳо ба қатъномаҳои байналмилалӣ дар бораи эҳқоқи ҳуқуқи мардуми Фаластин ва барқарории оташбас дар Ғазза беэътинои мекунанд, интизори якҷонибаи Дабири кули Созмони Миллал аз Эрон ба далели иртиботи Теҳрон бо бархе гурӯҳҳои муқовимат барои барқарории субот дар минтақа, ғайри амалӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора сиёсати таъмини амнияти ҷамъиро ба унвони роҳбурди аслии худ дар ғарби Осиё вмнтқаҳи мавриди тавваҷуҳ қарор дода ва таъкид кардааст, беэътинои ба ҳуқуқи фаластиниҳо, мудохила дар умӯри кишварҳо ва ҳузури неруҳои бегона, аз авомили аслии ташдиди таниш дар минтақа аст. Бар асоси ин дидгоҳ агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва Созмони Миллал воқеан ба фикри поёни таниш ва ҳали решаи буҳрон дар минтақа аст бояд бо истифода аз ҳамаи имконот, ибтидо талоши худро маътӯфи барқарории оташбас дар Ғзза кунад сипас бо фароҳам кардани заминаи поёни ишғоли арозии фаластинӣ, заминаи табодули зиндониён , бозгашти оворагони фаластинӣ ва бозсозии Ғаззаро фароҳам кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад